ХАБАРИ ДОҒ

Баъди солҳои соҳибистиқлолӣ синамогарони тоҷик ба он муваффақ шуданд, ки чандин кинофилмҳои бадеӣ, таърихӣ, ҳуҷҷатиро пешкаши тамошобини пурбардошту пуртоқат намоянд. Чаро пурбардошту пуртоқат-савол ҷавоб мехоҳад. Дилхоҳ кинофилме, ки шабакаҳои ҷумҳуриявию вилоятию ноҳивӣ пешкаши тамошобин менамояд, саросар аз ғуссаю алам саршор мебошанд. Дар аксари филмҳои синамогарони тоҷик ҷаноза, мурдагуркунӣ, гиряю нола, фироқи бепадарию бемодарӣ пешкаши тамошобин мегардад. 

Дар филмҳои “Коса”, “Муаллим”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Марди мутаалиқи ду зан” ва ғайраҳо яъсу ноумедӣ, беҳуқуқии зан, гиряву нола, мурдан дар хорию зорӣ ба риштаи сужа кашида шудааст. Ин филмҳоро тамошобин дида, барои худ ғайр аз навмедӣ чизи дигаре эҳсос намекунад. Ҳоли қаҳрамононе, ки аз дасти замона , фарзандон, наздикон ба ҷабру ҷафо гирифтор шудаанд ва барои ҳаёти худ коре карда наметавонанд, тамошобинро ба гирдоби ғам мекашад ва хоҳ-нохоҳ ашки чашмаш мешорад. 

Масалан, падарро дар оғил ҷой кардан, аз сари китфи писар ба даруни қабр афтидани падар, зани бешавҳар бо кӯдаки хурдсол дар хона зиндагӣ намуда, зери фуш-фушҳои марди лаққӣ монда, навҳаву фиғони ятимбачагон ва ғ. ва ҳ.  ва амсоли ин ҳаракатҳое, ки касро ба яъсу навмедӣ мебарад. 

Ҳунармандонро низ мо куштем!

Дар давоми 1 соли охир ҳунармандони асил-Саврӣ Сабзалиева, Раҳмондӯсти Қурбониён, Марат Орифов аз дасти пирӣ ва касалӣ нафавтидаанд. Онҳоро ролҳои иҷронамудаашон, ки пур аз ғаму дарди қаҳрамонҳояшон буд, ба хонаи охират гусел кард. Дар айни камолоти эҷодӣ, ҳангоми додани овоз Назирмад Мӯсоев ба олам падруд гуфт. Бовар кунед, овози ӯ низ ҳамеша садои нақши гирёнчакеро ба гӯш мерасонид. 

Бо ин гуфтаниям, ки сенариянависҳою синамогарони тоҷик аз филмҳои маишии пур аз ғаму дард, ки пешкаши тамошобин мекунанд, худдорӣ намоянд. Вақти он расидааст, ки қаҳрамонии халқи тоҷикро, ки давоми солҳои истиқлолият ба даст омадааст, пешкаши тамошобин намоянд. Киноҳои мо пурраву комилан ба шаҳрвандони Тоҷикистон яъсу номуедӣ ва нобоварӣ аз фардо талқин мекунанд. Чӣ магар сенариянависони Тоҷик ба фардои кишвар бовар надоранд???

Бовар дорам, тасвири хушҳолиҳо ва ҳаёти осоиштаву пурумед ба дарозумрии ҳунармандон низ таъсири мусбат мерасонад ва иҷрокунандаи нақши қаҳрамонҳои олиҷаноб  сакта шуда намемуранд...

Зайнулобиддин Ҳусейнов, 

деҳаи Гулибодом, н.Ёвон.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter