Дар даврони СССР дар маркази ш.Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) корхонаи дӯзандагӣ бо номи «50-солагии СССР» фаъолият мекарду дар он беш аз 1000 нафар зану мард машғул буд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ин корхона барҳам хӯрда, солҳои тӯлонӣ аз кор монд. Айни ҳол дар заминаи он сехи дӯзандагии ҶДММ «Меҳровар» кушода шуда, 35 нафар занҳои хонашинро ба ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин намудааст.
Ҳоло мо нигарон аз онем, ки ширкатҳои хориҷӣ ва берун аз вилояти Хатлон омада бо тамоми муассисаҳои таълимӣ ва мақомотҳои қудратии вилоят бо ҳар роҳ шартнома мебанданд. Ман ҳамчун роҳбари ин коргоҳи дӯзандагӣ ба Агентии таъминоти амволи махсус барои ҳамкорӣ муроҷиат кардам, аммо натиҷае нест. Мақсади ман он аст, ки ин 35 зан бекор намонанд…
Комил Сафаров, ш. Бохтар (тел: 90 500 50 75)