Минтақаи Рашт, махсусан Ҳоит таърихи зиёда аз 2200 сола дорад. Пештар ҳар мулк дорои 1 қалъа буд, аммо Ҳоит 3 қалъа дошт. Яке аз ин қалъа қалъаи асосӣ, дар ғарбу ҷануби Ҳоит буда, қалъаи Қурғано ном дошт. Қалъаи дуюм дар маркази шаҳр Қалъаи марказӣ ном дошт, ки соли 1949 ба пуррагӣ зери сел монд. Қалъаи сеюм дар деҳаи Ярхич ҷойгир буда, дорои тӯпхона будааст. Ҳоит яке аз шаҳрҳои калони дар шоҳроҳи Абрешим ҷойгирифта буд.
Зодагони Ҳоит
Ҳоит аз қадим ватани донишмандони бузурги динӣ, дунявӣ ва чеҳраҳои шинохта буд. Олими бузурги дин Муҳаммадхаёли Валӣ (дорои каромот), Эшони зарафшонӣ, ки 1 рӯз пеш аз заминларзаи мудҳиши Ҳоит мардумро хабар мекунад, ки аз Ҳоит бароед, ки Ҳоит зери хок мемонад, аммо касе гапашро аҳамият намедиҳад. Худаш бошад Ҳоитро тарк мекунад. Баъд аз ҳодисаи заминларза бо 2 халта нон дар дасташ пайдо мешавад.
Дигаре халифа Ҳасан яке аз архитекторони замони худ, ки чандин ҷойҳоро дар водии Зарафшон обёрӣ намудааст. 2 нафари дигар эшони Ҳасанхуҷа ва домулло Нозим. Ҳатто гирди гӯристоне, ки онҳо хобидаанд сел ба баландии 10-ҳо метр баромада, ба дохили гӯристон ворид нагардидааст. Устодони санъат Саймумиё Бурҳон ва Зафар Нозим зодаи Ҳоити бостонӣ мебошанд.
Дар байни 3 дарё
Дар бораи қалъаи Қурғано ривояте аст, ки яке аз шоҳзодаҳо ба бемории сахт гирифтор мешавад. Табибон ҳарчанд табобат мекунанд, лек шоҳзода табобат намеёбад. Мунаҷҷиме мегӯяд, ки шоҳзодаро ба мавзее бурдан лозим аст, ки дар байни 3 дарё ҷойгир бошад. Аз ин дарёҳо якеаш аз тарафи қибла омада, боз ба тарафи қибла равад. Дигаре аз муқобили қибла омада ба тарафи қибла равад ва сеюмин аз байни ҳардуи инҳо омада, бо ҳамроҳии ин 2 дарё якҷо шуда, ба тарафи қибла равона шавад. Вақте навкарон ҷустуҷӯ мекунанд чунин ҷой-Ҳоитро пайдо мекунанд. Пасон шоҳзодаро ба ин ҷо меоранд ва шоҳзода дар ин ҷо шифо меёбад. Шоҳзода ин ҷоро хуб мепазирад ва барои худ қалъа бунёд мекунад.
Олиҳа ва қабрҳои хумӣ
Дар солҳои 70-уми асри гузашта ин маконҳои таърихиро ба фермаи молпарварӣ табдил медиҳанд. Дар вақти бунёди ферма хумҳои зиёди калон, дар дарунашон устухонҳои инсон пайдо мегарданд. Хумҳо шабоҳат аз он медиҳанд, ки дар ин ҷо гӯристони шахсони пеш аз пайдоиши Ислом будааст. Яъне давлатмандонро пеш аз пайдоиши Ислом дар даруни хум ба хок месупоридаанд.
Ҳамингуна солҳои 40-ум барои аввалин раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони шуравӣ Мунаҳвар Шогадоев дар деҳаи Ҳисорак хона бунёд мекунанд. Устоҳо аз лойхонаи он ҳайкалчаи тиллоини қадаш 60 см бо номи «Аша» (Олиҳаи биҳишт)-ро пайдо мекунанд. Дар дасти олиҳа миҷмар ва дар нӯгаш ёқути сурх буд, ки шабоҳат ба оташро медод. Онро ба М.Шогадоев медиҳанд. Айни ҳол ин Олиҳа дар осорхонаи Эрмитажи Санкт Петербург маҳфуз аст.
Ҳоит-маркази Рашт
То Инқилоби Октябр Ҳоит дорои бозор ва корвонсарой буд. Дар он тоҷирон аз Ҳинду Чин ва кишварҳои дурдастро дидан мумкин буд. Ин далолат ба шаҳри ободу пешрафтаро медод. Дар ибтидои асри 20 профессори рус, таърихнавис Семёнов бо номи «Таърихи Қаротегин ва Дарвоз» китобчае навишт, ки дар он аз Шумон (Ҳисор) то Рашт масофабандӣ намуда, дар он маркази Рашт Ҳоитро нишон додааст.
Зилзилаи 10.06.1949 ин минтақаи таърихӣ ва зеборо дар байни чанд сония аз байн бурд, ки 18 ҳазор ҷони худро аз даст дод. Онҳое, ки зинда монда буданд ба ҳар тараф пароканда шуданд. Аз соли 1951 ҳоитиҳои бо нангу номус барои дубора обод намудани зодбум ба Ҳоит баргаштанд. Соли аввал дар зери замин (землянка) хона бунёд намуданду азобҳои зиёди зимистонро паси сар карда, таҳти шиори «Дубора эҳё шудани Ҳоит» барои эҳёи ин сарзамини аҷдодӣ камари ҳиммат бастанд.
Муҳаммадиброҳим Сайғуфронов,
омӯзгори собиқадори МТМУ №22, Ҷамоати деҳоти Ҳоит, н.Рашт
(Аксҳо аз бойгонии бошандагони Ҳоит ҷамъоварӣ карда шуданд.