Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Аз соли 2015 инҷониб банда раиси маҳаллаи деҳаи Шахмади Ҷамоати деҳоти Озодагони н.Панҷ буда, тӯли 6 соли ахир барои таъсиси 1 майдончаи варзишӣ дар назди мактаби миёнаи № 11-и деҳа аризанависиву даводав дорам, вале бенатиҷа.
Дар мактаб 1050 хонанда таҳсил мекунад. Масоҳати мактаб дар ҷамъ 26 сотихро ташкил намуда, барои фарогирии беш аз 1000 хонанда ҷавобгӯ нест. Қаблан, тибқи ҳуҷҷатҳое, ки ман дар даст дорам, қарор буд дар шафати ин мактаб 1 бинои нав барои синфҳои ибтидоӣ бо фарогирии 400 нафар бунёд шавад, вале ин қарор дар рӯи қоғаз монд. Бинои мактабу ҳудудаш танг буда, дар назди мактаб на майдончаи варзишӣ ҳасту на бунгоҳи тиббӣ.
Зимни сафари ахири кори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба н.Панҷ ва мулоқоти ошкоро бо мардум ман дар бораи ин проблема ба раиси вилоят арз кардам. Эшон маро хуб гӯш карда, ба масъулони ноҳия, аз ҷумла сардори Идораи замини н.Панҷ Сайнуриддин Шарипов супориш доданд, ки аз ҳисоби заминҳои резерв барои сохтмони майдончаи варзишӣ барои мактаби №11 қитъаи замин ҷудо карда шавад. Аммо барои бунёди манзили алоҳида аз ҳисоби заминҳои резерв қитъаи замин ҷудо карданду барои сохтмони майдончаи варзишӣ не!
6 сол боз ман барои ҷудо намудани қитъаи замин барои таъсиси 1 майдончаи варзишӣ талош дорам, ба тамоми аризаҳоям дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва раиси вилояти Хатлон ҷавоб гирифтааму ин масъала боз ҳам гашта омада дар МИҲД н.Панҷ бе баррасӣ мемонад. Вақте барои ҷавоби аризаам меравам, Сайнуриддин Шарипов, сардори Идораи замини ноҳия бо таъкид мегӯяд: «Рав, ба ту раиси вилоят замин диҳад! Дар ин ҷо замин нест!». Ин аст бархӯрди 1 хизматчии давлатӣ нисбат ба раҳбарияти вилоят, ноҳия ва муҳимтар аз он нисбат ба мардум!
Қудратшо Ҳасанов,
н.Панҷ
тел: 93 549 00 21