ХАБАРИ ДОҒ

Бо сари кор омадани Рустами Эмомалӣ, реформатори ҷавон, дар пойтахти кишвари азизамон таҳавуллоти ҷиддӣ ба вуқуъ пайваста, шаҳр симои худро кулан иваз намуда, ба 1 шаҳри наву афсонавӣ ва орзуҳо мубаддал гашт. Бесабаб нест, ки Душанберо дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ «шаҳри орзуҳо» ном ниҳодаанд. Воқеан ҳам, азнавсозиву ободонӣ ва пешравиҳои пойтахти азизамон аз заҳмату талоши шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик-Рустами Эмомалӣ далолат мекунад. 

   Ин аст, ки шаҳри Душанберо дар соли 2021 пойтахти фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб карданд. Шаҳри Душанбе низ дар баробари 67 шаҳру навоҳии дигари кишвар ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегирад. Мо Метавонем!

4201 иншоот тайёр!

  Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Душанбе бунёд ва азнавсозии 4201 иншоот ба назар гирифта шуда, ба ҳолати 1 сентябри соли 2021 дар ш.Душанбе тамоми нақша 100% иҷро гардид! Воқеан ҳам раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ бо тими соҳибкасбаш тавонист аз ӯҳдаи тамоми нияту нақшаҳо сарбаландона барояд, ки ҳалолаш бод!

152 баландошёна дар ним сол

Дар 6 моҳи аввали соли 2021 бунёди 9 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7284 ҷой, 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1480 ҷой, 6 маркази ташхисию табобатӣ, 39 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, сохтмони 152 бинои баландошёна бо ҷойгиронии 117 адад марказҳои савдою хизматрасонӣ, 13 бинои мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ карда шуд. 

526 корхонаи саноатӣ

    Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби 526 адад корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,6 фоизро ташкил дод. 

5821 нақлиёти ҷамъиятӣ

    Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар пойтахт дар маҷмӯъ 5821 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 672 нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 3592 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд.

11 лоиҳаи сармоягузорӣ 

   Дар ҳудуди пойтахт 43 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 15 корхона ба маблағи умумии 10,3 миллион доллари ИМА сармояи мустақим ва 18 корхона ба маблағи умумии 51,4 миллион доллари ИМА дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд.  Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб зиёда аз 100 миллион доллари ИМА ва дар давраи ҳисоботӣ 24,7 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Миллион-миллион гул

    Соли равон дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳои пойтахт ба миқдори 226,3 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 14,2 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар майдони 254,4 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд. 

182 мактаб

   Дар ш.Душанбе 182 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 163 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типи нав ва махсус), 3 муассисаи таҳсилоти ғоибона ва 61 муассисаи табобатӣ фаъолият менамоянд. 

Дар ш.Душанбе айни замон фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, 37 меҳмонхона, 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор, 91 маркази савдо, 26 мағозаи фурӯши армуғон, 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн, 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ, 7 театри касбӣ, 10 осорхона, 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, 900 иншооти варзишӣ ҷойгиранд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter