4000 масҷиду 488 киоск: кӣ зӯр?
Дар ҳар шаҳру навоҳӣ теъдоди масоҷид кам нест. Намозгузорон саф-саф, аз ҷумла анбӯҳи ҷавононро мебинӣ, ки 4 дона ришро таки фук монда, ба вежа баъди воқеоти Афғонистон, ришҳоро намоишкорона ситеза карда, қатори мӯйсафедон ба ибодатхона рафта, намоз мегузоранд, ки ҷавонро аз мӯйсафед фарқ намекунӣ. Ман зидди ибодати ягон мусалмон нестам, аммо аксарияти гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ аз ба масҷид рафтану эътиқод ба суханҳои подарҳавои эмомхатибони бесаводе бастан аст.
Ҷавонон зудбовар буда, аксарашон аз аркоми динӣ фарсахҳо дуранду ҷиҳоду «Аллоҳу Акбар»-ро бо дигар мафҳум мефаҳманд. Мисол, муллоэмом дар бораи ҷиҳоди даврони шӯриши миёни арабҳо (куффору мусалмон) нақл кунад, ҷавонон замони ҳозираро ба назар мегиранд. Ё эмом-хатиб гӯяд, ки ҷиҳод дар роҳи дин инсонро ба ҷаннат мебарад, шахсони камхирад ба хотири «ҷаннат» ҳатто бо падару модар даст ба гиребон мешаванд. Ҳол он ки беҳтарин ҷиҳод дар роҳи Худо ин эҳтироми волидон аст, ки моро ҳаёт бахшидаанд.
Аз ҳама аҷиб ин аст, ки ҳукумат пайваста ҷавононро ба хондан талқин мекунаду дар бархе шаҳру навоҳӣ ҳатто 1 киоски газитфурӯшӣ нест! Дар Данғара бошад, ягона дӯкони рӯзномафурӯширо бастаанд. Пас, агар ҷавоне китобу газета хондан хоҳад, куҷо равад?
12 масҷид дар замони шӯравӣ
Дар замони шӯравӣ дар 1 ҷумҳурие, ки қариб ҳама мусалмонанд, фақат 12 масҷид буд. Он замон на нигарон мешуданд, ки ҷавонон ба “ҷиҳод” мераванд ва на ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ шомил мешаванд. Ҳоло бошад дарвозаи қариб 4 ҳазор масҷид барои намозгузорон кушода асту боз меноланд, ки кам!
Имрӯзҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет шоҳиди он мешавем, ки баъзе нафарон бе факту далел Тоҷикистонро бо он айбдор месозанд, ки гӯиё барои фаъолияти иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ пайваста монеа эҷод месозад. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумот аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар зиёда аз 4000 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти хешро пеш мебаранд. Аз ин шумора ҳатто 67 иттиҳодия ғайриисломӣ мебошад. Яъне христиану яҳудӣ, тарсову ҷуҳуд низ озод амал мекунанд, ин ҷо.
Хатлон: ҳамагӣ 5-6 киоск?
Дар кишвар барои бой гардонидани мафкураи ҷавонон бояд сафи китобхонаву киоскҳоро зиёд намуд. Вақте ки мо дӯкони газетфурӯшӣ надорем, албатта, идеологияи динӣ мафкураи ҷавононро ба дасти худ мегирад. Дар ҳоле, ки дар ҷумҳурӣ 4000 масҷид амал мекунад, тибқи маълумоти ба дасти мо расида, дар вилояти Хатлон 5-6 киоск (диққат кун хонанда, дар 1 вилояти калон ҳамагӣ 5-6 киоск), 23 шуъбаи алоқа дар пойтахт, 128 шуъбаи алоқа дар ноҳияҳои тобеи марказ, 162 шуъбаи алоқа дар вилояти Суғд, 135 шуъбаи алоқа дар вилояти Хатлон ва 40 шуъбаи алоқа дар ВМБК, ҳамагӣ 488 адад дӯкону киоски рӯзномафурӯшӣ фаолият дорад. Дар қиболи 4 ҳазор иттиҳодияи диниву масоҷид 488 шуъбаи алоқа ва 5-6 киоск метавонад мафкураи ҷавононро дигар кунад?
Ба пиндори мо, дар рӯзҳои баъдии 30-солагии Истиқлолият, дар пасманзари даъватҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд дар ҳар шаҳру ноҳия то 30-ададӣ дӯкони китобу киоски рӯзномафурӯшӣ созанд. Ҷо ҳаст! Агар майлу рағбат бошад. Мо метавонем!
Исматулло Собирӣ,
СССР