ХАБАРИ ДОҒ

НОЗИМОНИ ХУШОМАДГӮЙ ВА УДАБОИ ҲАҚИҚАТҶӮЙ

  • Чоршанбе, Окт 06 2021

 

 

Рухдоде пушти сар шуд, ки боиси тавлиди ин матлаб гардид. Чанд сол пеш чор асари тозанашрамро гирифта, ба шабакаи аввали телевизионии Тоҷикистон рафтам ва мақсад гузоштам, ки ин рӯйдоди хурсандибахшро тавассути оинаи нилгун ба дӯстдорони китоб бирасонам ва бо ин васила дар тарғиби адабиёту тарбияи завқи бадеии хонандагон саҳми хоксоронаи хешро дар миён гузорам. Ба муроҷиати чандинкаратаи ман ва дахолату миёнаравии Шоири халқӣ Муҳаммади Ғоиб ҷавони қоматбаланде аз шуъбаи ҷавонони шабака маро дар назди дарвозаи коргоҳ пешвоз гирифт. Танҳо андаке дертар пас аз пазироии хунукназарона донистам, ки ӯ набераи шоири ҳақиқатҷӯй Ғоиби Сафарзода будааст. Бо дили нохоҳам маро гӯш карда, баргашта ба коргоҳ рафт ва пас аз лаҳзае омада ҷавоби сардорашро ба ман расонид.

- Мо ба барномаи худ танҳо «шоирон» - ро даъват менамоем.

Чанд муддат лолу карахт мондам. Ба ақли худ бовар намекардам, ки ба адиб дар остонаи коргоҳ кормандони шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон чунин муносибатро раво медонанд. Лаҳзае пас ба худ омада бо қаҳр ҷавоб додам.

- Фаҳмидам, - ва илова кардам, - маълум, ки ман аз табори «шоирон» - и хушомадгӯйи шумо набудаам, - ва тоб хӯрда, ҷониби маркази шаҳр қадам задам.

Ҳамин суҳбат сабаб гардид, ки ба таърихи адабиётамон таваҷҷуҳ зоҳир намоям. Мусаллам аст, ки адабиёт аз ду қисми асосӣ: назм ва наср иборат аст. Назм - ин ба ришта кашидани гавҳар, оростан, ороиш додани сухан ба ҳисоб меравад. Ба тарзи дигар гӯем тартиб, қоида ва интизоми сухан мебошад. Беҳуда Ҳофиз насурудааст:

Ёд бод он, ки бо ислоҳи шумо мешуд рост,

Назми ҳар гавҳари носуфта, ки Ҳофизро буд.

Назмро нозимон эҷод мекунанд. Шоир гӯяндаи шеър, ба назмдароварандаи сухани бадеӣ, танзимкунандаи калом мебошад ва шеър сухани бикр дар боргоҳи сухан аст. Шеър аз назм фарқ дорад. Вобаста ба ин ҳолат Анварӣ ҳақ гуфтааст:

Кори шоир заҳмат овардан бувад,

В- он ки раҳмат оварад, кори шумост.

Ё худ ба ақидаи Ҳофиз:

Манам он шоири соҳир, ки ба афсуни сухан,

Аз найи килк ҳама шаҳду шакар меборам.

Наср бар хилофи назм пошидан, рехтан, пароканда кардани сухан буда, асарҳои бевазну қофия навишташудаи муқобили назмро дар худ таҷассум менамояд. Агар назмро шоир сарояд пас насрро адиб, нависанда ба вуҷуд меорад. Адиб - ин устод, тарбиятгар, мураббии бо донишу фарҳанг буда, ба воситаи калом хонандаро ба ростию некӣ ҳидоят менамояд. Доир ба ин ҳолат Ҷалолиддини Балхӣ бесабаб дар ҳаққи устод нагуфтааст:

Ҳар ду мехоянд дандони ҳасад,

Бар касе, ки дод адиб ӯро хирад.

Тараннуми Абдураҳмони Ҷомӣ шоистаи кирдори адиб дар роҳи тарбияи инсон мебошад.

Ҳар киро ишқи ту одоби хирад бар ҳам зад,

Нест мумкин, ки муаддаб шавад аз панди адиб.

Насрнависро нависанда низ мегӯянд. Нависанда - он ки менависад ва дар баъзе ҳолатҳо котиб ва мирзояш низ мехонанд. Аз ин хотир Саъдӣ барҳақ дар ин хусус навиштааст:

Чӣ донад мардум, ки дар ҷома кист,

Нависанда донад, ки дар нома чист.

Асадӣ нақши нависандаро боз беҳтар нишон додааст:

Нависандаро даст гӯё бувад,

Гули дониш аз дил-ш бӯё бувад.

 

То ва баъди СССР:

То-и 1. Озодӣ ва шараф паси дар буд!

Таърихи ҳазорсолаи адабиёти халқи тоҷикро пеши назар оварда, метавон гуфт, 90% адибонро нозимону шоирон ташкил дода, то барқарор гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ насрнависонамон ангуштшумор будаанд. Боиси тааҷҷуб аст, ки аз қофиласаройи шеъри аҷам, Одам - уш - шуаро то инҷониб шоиронамон панду андарз, ишқу муҳаббат, дӯстиву некии инсонро тараннум намуда бошанд ҳам, дар эҷодиёти ҳамаи онҳо мафҳумҳои ғуруру ифтихори миллӣ, ишқи Ватан (ба  ғайр аз Фирдавсӣ), озодӣ, мубориза барои ҳифзи марзу бум, хоки Ватан, падару модар вуҷуд надорад. Танҳо дар 1 шеъри Абдураҳмони Ҷомӣ «2 боз» вобаста ба мафҳуми «озодӣ» ишора рафтаасту халос. Ё кулли шоирон, анқариб 60 нафар ишқи Лайлию Маҷнунро, ки бо чашми сар надидаанд, ба қалам додаанд ё хушомадгӯёна дар васфи шоҳу вазир, малику хон, амиру султон мадҳия сароидаанд.

Эҳтимол чунин муносибати тамаллуқкоронаро то барқарорсозии ҳокимияти коргару деҳқон роиҷ донистан амри воқеӣ шумурдан мумкин буд. Зеро ки аксарияти шуарову удабо ҷойи кор надоштанд ва чунин тарзи муносибатро ба худ раво медонистанд. Вале ҳайратовараш он аст, ки аксарияти онҳо барои ғосибон, ғоратгарон, қотилони миллат, саҳронишинону кӯчиёну бодиянишинони забткор каломи бадеъро қурбон мекарданд.

То-и 2. Шоирони хушодмагӯй

Хушомадгуйии нозимон махсусан пас аз ба сари ҳокимият омадани болшевикон ба дараҷаи аъло расид. Яку якбора ҳамаи онҳо «бар ҳукумати мо офарин» мехондагӣ шуданд. Агар зуҳуроти тамаъҷӯйии ашъор то давраи инқилоб раванди писандида буда, нозимон чунин муносибатро баҳри зиндагии осоишта истифода мебурданд, пас аз Ғалаёни Уктабр шеър барои дарёфти унвону ҷоиза сароида мешуд. Хоҳу нохоҳ шеъри Анварӣ ба хотир меояд:

Бад - ин дақиқа, ки рондам, гумони гадя мабар,

Ба банда, гарчи гадоӣ шариъати шуарост.

Бадбахтиовараш он аст, ки ҳамин раванди ҳазорсола, ки ба тарбияи маънавии халқи ман таъсири манфӣ расонид, пас аз касби Истиқлоли Ҷумҳурӣ таровиши дигар гирифт. Ҳама, чӣ шоиру чӣ нозиму нозир, чӣ гӯяндаву чӣ сароянда ҳоло дар 1 мавзӯъ хушомад зада истодааст. Мисол, нозиме бар васфи роҳбари корхонае суханони радифи қофиядор навишта, барои дарёфти  маблағ роҳи идораи сардорро пеш гирифтааст. Чун фаҳмидааст, ки ин роҳбар аллакай аз мансаб паридааст, зуд насабашро аз мисраъи назм хат зада, номи сардори нави коргоҳро сабт намудааст. Ин нозим, ман ҳеҷ забонам намегардад, ки ӯро шоир бигӯям, қадри сухан, номи волои шеърро ба 1 пули пучак баробар кардааст.

Ин зуҳуротро пеши назар оварда, ба худ савол медиҳам, ки чаро Лоиқ, Мӯъмини Қаноат, Бозори Собир, Гулрухсор, Ғоиби Сафарзода ва чанди дигарон ба ин равияи номатлуб даст назаданд ва номи муқаддаси шоириро доғдор накарданд?

Нависандаҳо хушомадгӯй набуданд!

Тавре дар боло зикр кардам, то барқарории сохти нави ҷамъиятӣ халқи тоҷик ҳамагӣ 3-4 нависанда дошт, ки машҳуртаринаш Аллома Аҳмад Махдуми Дониш ба шумор меравад. Ва ин мубаллиғони сухан ҳеҷ гоҳ бар васфи шоҳон, амирон ва хону султонҳо асар наофаридаанд. Пас аз ба Иттиҳоди пурқудрати Шӯравӣ шомил гардидани Тоҷикистон нависандагонамон алорағми шоиронамон, бар васфи ягон роҳбари ҳизб қиссае, повесте, романе эҷод накарданд. Дуруст аст, ки баъзеи онҳо, аз ҷумла Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Юсуф Акобиров бартарии сохти нави ҷамъиятиро тараннум намудаанд. Ва бояд иқрор шуд, ки маҳз насрнависонамон аввалин шуда, парда аз рӯйи сиёсати кассифонаи роҳбарияти ҳизбу давлат бардошта, бо сухани оташбор мардумро аз каҷравиҳои низоми маъмурӣ огоҳ мекарданд. Аввалин қурбонии ин зулму истисмори замона нависандаи забардаст Пӯлоди Толис, ки дурӯғу фаҳшро бо чашми сар дида буд, ба шумор меравад. Баъдан, дар ин муҳити каҷдорумарез нависандаи маъруфамон Сотим Улуғзода ба ситам гирифтор шуда бошад ҳам, рӯҳи қавиаш имконият дод, ки аз ҳар гуна фитнаю дасиса раҳо ёбад ва асарҳои пурмазмун биофарад. Аламовараш он аст, ки нависандаи ҳақгӯй Ҷумъаи Одина қурбони навбатии зулми замона гардид. Сухану китобашро дар зиндагиаш ба коми оташ ҳаво доданд. Таассуфовараш он аст, ки аҳли адаби кӯтоҳандешу тамаллуқкорамон на ба ҳимояи Сотим Улуғзода ва на ба ҳифзи адиби ғурамарг Ҷумъаи Одина барнахест. Аз замонҳои қадим ба халқи тоҷик ва махсусан ба нозимону удабои кӯрдил ин хислати бад часпида будааст: туро газад маро чӣ ғам.

Ба ҷои хотима

Ин матлабро на барои ба кулбаи нозимон санги маломат партофтан омода намудам: ҳадаф баёни воқеияти зиндагист. Ҳақиқатеро, ки аз замони «мир моҳ асту Бухоро осмон» вуҷуд дорад, рӯйи авроқ овардам ва аҳли қаламро ҳушдор мерасонам, ки мо чанд низом ва сохти иҷтимоиро пушти сар кардем, ҳокимону роҳбарон меоянду мераванд, вале халқ мемонад, муносибатҳои ҷамъиятӣ дигару иваз мешавад, аммо адабиёт ва сухани ҳақ мемонад. Аз ҳамин хотир, биёед эй дӯстон, сухани поку асилро муқаддасу пос дорем. Дар охир аз хонандаи гиромиқадр хоҳиш дорам, ки аз навиштаи ман айбу ҷурму иллат накобад, зеро ки ман ин қайдҳои худро беғаразона ифшо намудам ва ин матлаби нокомили маро бо бузургвории хеш қабул фармоед ва агар пешниҳоде, дархосте, таклифе ва эроде дошта бошед, марҳамат воситаҳои ахбори омма пешкаши шумо. Чӣ тавре мегӯянд: майдон аз далер аст!

Зариф Ғулом,

нависанда  

  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter