Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ 3 деҳаи Ҷамоати Лангар-Деҳманора, Дашти Миёна ва Пакшифи н.Кӯҳистони Мастчоҳ бо барқи баландшиддат таъмин гардиданд. Санги асос ва корҳои васлу насби симчӯбҳо барои хатти барқи баландшиддат ба 14 деҳаи Ҷамоати деҳоти Лангар ҳанӯз моҳи марти соли 2019 оғоз шуда буд.
Бояд гуфт, ки 14 деҳаи ҷамоати Лангари Кӯҳистони Мастчоҳ дар замони Шӯравӣ аз нерӯи барқи баландшиддат маҳрум буданд. Чандин сол сокинони ин деҳот ва роҳбарияти замони ноҳия баҳри кашидани хатти нерӯи барқ талошҳо варзиданд, вале аз сабаби бемасъулиятии баъзе роҳбарон ин тарҳ ба кунҷи фаромӯшӣ рафта буд. Ҳамакнун, маҳз пешопеши ҷашни бузурги милливу таърихӣ ин тарҳ амалӣ гашту ба мардуми ин диёри кӯҳистон билохира барқу рӯшанӣ омад.
Тавре дар суҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР Хайрулло Бобозода, раиси н.Кӯҳистони Мастчоҳ хабар дод, дар навбати аввал тибқи нақша ба 3 деҳа-Деҳманора, Дашти Миёна ва Пакшиф хатти баландшиддати барқ кашида шуд. Барои марҳилаи аввали тарҳи мазкур тибқи маълумотҳо беш 3 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида буд. Сохтмони ин хатти баландшиддат аз деҳаи Табушни Ҷамоати Лангар оғоз гардида, то деҳаи Пакшиф идома ёфт. Ҳамин тавр марҳила ба марҳила то сардараи Масчоҳ-Деҳҳавзу Деҳҳисор ва Мазор хати баландшиддати барқ кашида мешавад. Маблағгузори ин тарҳ Ширкати холдингии “Барқи тоҷик” буда, пудратчии он ҶДММ “Зулол-112” мебошад.
Ҷ.Мақсуд,
СССР