ХАБАРИ ДОҒ

                       

(Ҳадиси зан-модар дар шеъри Раҳмат Назрӣ)

 Адабиёти тоҷик дар замони Истиқлол аз лиҳози мавзӯю муҳтаво, маъно ва тасвирҳои шоирона ҷилваҳои тоза касб карда, аз ҳар ҷиҳат бою ғанитар гардидааст. Аз ҷумла, тасвир ва тавсифи зан-модар, ки аз мавзӯъҳои ҷовидонаи адабиёт мебошад, дар ин даврон хеле равнақ ёфта, ҷилваву тобишҳои нав ба нав ба худ гирифтааст. Шоирон кӯшидаанд, ки сифатҳои хоси зани тоҷикро дар таркибҳои тоза ва орояҳои мухталифи адабӣ ба қалам дода, аз як тараф бузургию муҳаббати оламгири модар ва аз ҷониби дигар, хизматҳои шоёни занро дар ҷомеаи навини тоҷик таҷассум намоянд. Яке аз шоирони шинохтаи тоҷик, ки мавзӯи мазкур дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказӣ дорад, Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ мебошад.

Аксари муҳаққиқоне, ки ба шеъри Раҳмат Назрӣ изҳори назар кардаанд, нақши суннатҳои миллиро дар ашъори ӯ барҷаста донистаанд. Нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки дар ашъори шоир бештар вақт суннатҳои миллӣ тавъам бо тасвири модар меоянд, зеро модарон посдорони суннатҳои миллиянд. Масалан, дар шеъри «Гаҳворасанг»:

 Модари ман 7  чалпак ҳафтае мепухт,

 Назди оташдон сипос оварда Яздонро.

 Аз сарам гардондаву мебурд бахшидан

 Дар мазори ҳазрати Мири Кабир онро…

Дастархони бози модари тоҷик, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дораду оламиён тоҷиконро ба сифати беҳтарин меҳмоннавоз мешиносанд, дар шеъри «Танӯри гарм»-и Раҳмат Назрӣ хеле ҳунармандона ба тасвир омадааст:

 Кушояд суфраи худрову бандад нон,

 Агарчанде пур аз нон аст ҳар дӯкон.

 Хаёлаш, сард бошад гар танӯри ӯ,

 Мусофирбаччаҳои роҳдури ӯ

 Лаби ноне лаби обе намеёбанд.

 Маҳи нон ғайри маҳтобе намеёбанд.

 Гар ӯ дар суфра парвезан наяфшонад,

 Хаёлаш, суфраи дунё тиҳӣ монад.

Чашминтизории модар дар роҳи фарзандони роҳдураш, ки пайи орзуҳо аз ӯ дур шудаанд, дар шеърҳои «Дидори модар», «Дуои модар», «Модар маро бубахшо» хеле муассир ба қалам омадаанд:

 Дурам ман аз бари ту, модар, маро бубахшо,

 Кас нест ёвари ту, модар, маро бубахшо.

 Ман аз паи ҳавасҳо рафтам ба сӯи дунё

 Аз погаҳи дари ту, модар, маро бубахшо.

 Шаб чун ба чашми маҳтоб ширин намешавад хоб

 Дар дидаи тари ту, модар, маро бубахшо…

Аз назари шоир эҳтироми модар барои ҳамагон воҷиб аст, зеро саодати дуҷаҳонии фарзанд бастагӣ ба эҳтироми модар дорад:

 Қасаме ба шири модар, қасаме ба номи модар,

 Ду ҷаҳон киро надорад ба як эҳтироми модар.

 

Дар ашъоре, ки шоир ба модар бахшидааст, ғаму андӯҳ бештар аз шодию хурсандӣ таҷассум ёфтаанд. Фарзанди аз кулбаи модар дурафтода ва муқими шаҳр гашта пайваста ба ёди модар асту ғаму дарди модарро ба ҷон эҳсос мекунад, зеро медонад, ки модар ба хотири фарзанди роҳдураш ҷигархун аст:

 Ҳар куҷо аз кулбаи хомӯши ғамдевори модар,

 Бод меорад ба сӯям нолаҳои зори модар.

 Чӯҷаҳояш дур аз зери қаноти ӯ парида

 Ҳамчу хоби нимашаб аз дидаи бедори модар.

 Чӯҷаҳояш росту чап сӯи дунё пар кашида,

 Мепрад гаҳ росту гаҳ чап ду чашми чори модар.

 Чун ғами дунё ғами фарзандҳояш мехӯрад, лек

 Нест ҷуз танҳоии ғампарвараш ғамхори модар…

Модар ҳамеша такягоҳу мутакои фарзанд аст, ҳарчанд фарзанд ба камол расидаву худ соҳиби фарзанд гаштааст, зеро дар ҳама шикасту ноумедӣ ва бадбахтиҳо инсон пеш аз ҳама модарро ба хотир меоварад, зеро медонад, ки танҳо модар аст, ки бори ғами ӯро сабук мегардонад. Ҳатто ёди модар, ки кайҳо аз ҷаҳон рафтааст, метавонад тасаллобахши дили ғамгини фарзанд бошад:

 Оҳ, имшаб модарамро хоб дидам боз,

 Пораабре буд рӯмоли сафеди ӯ.

 Метаровид аз нигоҳи осмонияш

 Ҳафтранги офтобии умеди ӯ…

Бино ба таъкиди шоир, меҳри модар дар дили фарзанд ҳанӯз дар батни модар будан ба вуҷуд меояд. Ба таъбири дигар, меҳри модар азалисту дар хотираи нохудогоҳи фарзанд ҷой мегирад ва дар душвортарин лаҳзаи зиндагӣ инсон ёди модар мекунад. Шеъри «Забони модарӣ» гувоҳи ин матлаб аст:

 Ятими рус буд аз кӯдакӣ ӯ,

 Ба оинҳои русӣ зист умре.

 Забони модарии хештанро

 Ба ҷуз русӣ намедонист умре.

 Вале аз кӯдакии хеш чизе

 Баногаҳ вопасин дам омадаш ёд.

 Ба тоҷикӣ, Худо бахшояд ӯро,

 Ба ҳасрат «Оҳ модар!» гуфту ҷон дод.

Дар шеърҳое, ки Раҳмат Назрӣ ба зан-модар бахшидааст, тасвир, ҳунари шоирӣ, интихоби калимоти муассир ва бадеият нақши муҳим доранд. Шоир дар ин тасвирҳо калимаҳоро чунон гулчин намуда, ки ба қалби хонанда таъсири амиқ мегузоранд. Ҳар як шеър дорои тасвирҳои шоирона ҳастанд ва ин тасвирҳо мамлӯ аз калимоту таъбироти халқие ҳастанд, ки шоир аз забони гуфтугӯии мардум ба орият гирифта, ба забони адабӣ ворид кардааст. Санъатҳои бадеӣ монанди ташбеҳу истиора хеле моҳирона корбаст шудаанд, ки ҳама тозаву наванд.Суннат ва расму оинҳои миллӣ ҳангоми тасвири модар нақши муҳим доранд, зеро маҳз модарон посдорандаи оинҳои миллатанд.

Инчунин, ахлоқи ҳамидаи тоҷикон аз суннати модарарӯси худро модар хондани домод дар силсилаи шеърҳои Раҳмат Назрӣ «Панҷаи барги хазон» хеле баланду дилписанд ба қалам омадааст.

Хулоса дар шеъри Раҳмат Назрӣ зан-модари тоҷик хеле ҳунармандона ба тасвир омада, ки хусусияти тарбиявию ахлоқӣ доранд.

 

Миҷгона Раҳимӣ,

адабиётшинос

 

 

 

 

                                       

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter