ХАБАРИ ДОҒ

"МЕ" – симои дигари Ҳошим Гадо

  • Чоршанбе, Окт 27 2021

 

16.10.2021. Соат бо вақти Душанбе 12:00 дақиқа. Дар Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, кинотеатри "ЗЕБУННИСО», бахшида ба рӯзи Кинои Тоҷик ва бахшида ба 85-умин солгарди зодрӯзи Ҳунарманди мардумии СССР ва дорандаи ҷамъи унвонҳои давлатӣ, ҲОШИМ ГАДО филми ҳуҷҷатие ба намоиш гузшта шуд. Филм бо коргадонии Ҳамро Розиқов омода шуда, бозгӯе аз пайроҳаи Ҳунарманди кино ва театр Ҳошим Гадо буд.

Дар филми  ҳуҷҷатии «МЕ» воқеан симои дигари ҳунарманде, ки ҳамеша пушти дуруштгуфторӣ ва саркашию якравиҳош пинҳон буд, рӯ кард ва куллан 1 инсони дигарро, 1 ҳунармандеро ба мо нишон дод, ки мисли ҳама ба хамдилу ҳамнишин ва ҳамроҳе аз дунёи худаш ниёз дорад ва дарунаш пур аз таассуфи беқадриҳои замони имрӯз аст. Бе дурӯғ, бе саҳнасозии пешакӣ ҳарчи воқеъияти шахсияти ин ҳунарманди бузург буд, ба навор гирифта шудааст.

 

Пешниҳоди комилан нав

Ҳамаро ашк гулугир карду тамошобинро дар ҳайрат гузошт. Аҳли толор бо ҳаяҷон аз тақдири ояндаи синамогарону ҳунармандони кино ва театр ёдовар шуда, чи дигаргуние дар оянда рух медода бошад, гуфта, зери лаб суол гузоштанд. Воқеан, дарди имрӯзи ҳунармандон, ки дар зинда буданашон қадр намекунем, ба малҳаме ниёз дорад. Ҳамчун бештари бинандагон ба офарандагони ин мустанади деринтизор, ки қаҳрамонаш на ба ҳар коргардону рӯзноманигор иҷозаи сӯҳбату сабт карданро медиҳад офарину аҳсант гуфтам.

    "- Ҳошим Гадоро хело кӯҳна мешиносам ва аз тамоми зиндагияш бохабар низ ҳастам. Гумон мекардам, ки Шумо низ такрори сабтҳои пешинро мекунед. Аммо не. Комилан пешниҳоди ғайричашмдошт буд" – гуфт рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифзода пас аз фарҷоми филм.

 

Рӯзи Синамо ба «Синамо»…

Дар ин миён дар Рӯзи кинои тоҷик ҷиҳати таассуфовар он буд, ки мо ҳузури журналистони «ТВ -Синамо»-ро дар нахустнамоиши ин филм надидем. Магар рисолати аслии ин шабакаи телевизионӣ намоиши гузоришу барномаҳо маҳз дар атрофи филму мустанадҳои тоҷик нест?! Ба фикри ман ин шабакаро таъсис доданд, то ҳунару театри тоҷик ба фаромушӣ наравад. Дар 1 сол 1 бор Рӯзи кинои тоҷик ҷашн гирифта мешавад, магар вазифаи шумо нест, ки дастовардҳои кинои тоҷикро сабт карда, ҳамчун ҳисобот дар ин рӯз нишон диҳед?

Баҳори Шарифхон,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter