ХАБАРИ ДОҒ

Истаравшан: ҳоли табоҳи меҳмонхонаи ҳукуматӣ

  • Чоршанбе, Дек 08 2021

Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, лозим омад 1 шабро дар шаҳри Истаравшан, дар меҳмонхонаи ҳукуматӣ рӯз кунам. Эй кош, намеистодам! Ин меҳмонхона, ки зертобеи МИҲД шаҳри Истаравшан асту ҳукуматӣ ном дорад, ба ягон талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавогӯй нест; утоқҳо кӯҳнаву ашёҳои дохили онҳо фарсуда, кати хоб шикаставу оддитарин шароити зист нест. Тавре ба назар мерасад, меҳмонхона аз рӯзи бунёду таъсисаш таъмирро боре надида бошад ва ҷоест, ки тамоми меҳмонони дар ҳайатҳои гуногун сафар мекардаро дар он ҷой мекунанд.

Магар барои масъули меҳмонхона ва шаҳрдорӣ айб нест, ки меҳмононро дар чунин меҳмонхона ҷой кунанд? Дар бораи ҷойи дастшӯиву душ, ҳоҷатхона ва дигар имконоташ умуман гап намезанам! Барои чунин шаҳри овозадору меҳмоннавози Истаравшан фаъолияти ҳамчунин меҳмонхона, ки аз ягон шароити лозима бархӯрдор нест, боиси шарм мебошад. Оё худи шаҳрдор, ки меҳмонхонаи мазкур зертобеи ҳукумат аст, боре аз ваъзи ин меҳмонхона дидан карда бошад?

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 3 сол идома дошта, ба охир расида истодааст. Вале вақте ин меҳмонхонаро дар 3 соли эълоншуда лоақал таъмири ҷорӣ накарданд, кӣ медонад пас аз ин он кай таъмиру азнавсозиро медида бошад!?

Баҳодури Абдусалом,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter