Ман Хошокова Маъво, набераи муаллифи доимии шумо-Хушвахт Хошокови коммунисти асил, донишҷуи соли аввали факултаи забон ва адабиёти тоҷики донишкадаи давлатии ба номи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар, дорандаи квотаи Президентӣ, истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов, деҳаи Тоҷикобод ҳастам.
Банда соли сеюм аст, ки дар озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ” иштирок дорам. Соли аввал ҳамчун толибаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти умумии №13-и н.Дӯстӣ, соли дуюм толибаи синфи 10 ва имсол ҳамчун толибаи синфи 11 ва дар ҷамъбасти озмуни вилоятӣ ҳамчун донишҷӯ дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик дар ин озмун иштирок кардам.
Агар гӯем, ки соли аввал ман ҳамчун иштирокчӣ аксарияти талаботҳои дастурамали ин озмунро нафаҳмида, натавонистам хуб иҷро кунам, хато нест. Хушбахтона аз рӯи ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ тариқи телевизиони мамлакат ман бисёр чизҳоро омӯхтаму хатоҳоямро ислоҳ кардам. Барои чӣ ман маҳз ин номинатсияро интихоб кардам, барои он ки дар оянда дар ин ришта донишҷӯ шуданамро муайян карда, Худо ба шукр, ки ба мақсадам расидаам.
Лекин соли дуюм ҳам айнан муносибати ҳакамонро ба иштирокчиёни озмун аз соли пешин фарқ карда натавонистам, чи хеле, ки дар урфият мегӯянд, “Ҳамон Аҳмадаки порина”.
Ба фикри ман ҳакамон чӣ қадар бештар бо иштирокчиёни озмун кор кунанд, ҳамон қадар тарафҳои мусбату манфии онҳо муайян карда мешаванд. Мутаассифона ин хел нест. Ҳакамон бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хуб шинос намешаванд. Сар-сарӣ мепурсанд. Дилгармона ба ин маъракаи бисёр муҳими фарҳангӣ муносибат надоранд. Алалхусус дар вилояти Хатлон, ки ба 2 минтақа ҷудо шудааст: Қурғонтеппа ва Кӯлоб, ки дар ин мобайн иштирокчиёни озмун мушкилӣ мекашанд. Дар байни минтақаҳо кашокаш зиёд шуда, аъзои ҳакамонро ҳар касе ба тарафи худ мекашад.
23.10.2021. Дар бинои факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Н.Хусрав озмуни вилоятӣ (минтақаи Қурғонтеппа) баргузор гардид ва ман иштирокчии ин озмун будам. Баъди андаке саволу ҷавоб ба ман гуфтаанд, ки тайёрӣ бинеду соли оянда биёед. 3- соли иштироки ман дар ин озмун кам будааст???
Оё аъзои ҳакамон ҳуқуқ доранд, ки бе ҷамъбасти фикри дигарон ҳамин хел тасмимгирӣ намоянд ва дили моро сард созанд?
Маъво Хошокова,
н.Дӯстӣ