13.12.2021. Соат ба вақти Душанбе 12:44 дақиқа. Ҳамарӯза дар шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Тоҷикистон”, “Синамо” рекламаҳои ширкати “АлифБонк”-ро мебинем, ки онро таъриф мекунанд ва барои мардум пешниҳод менамоянд, то барои беҳбуди рӯзгор ва хонаҳои худро замонавӣ кардан ҳатман ба “Алифсармоя” муроҷиат намоянд. Мо низ тасмим гирифтем равем ва чиву кӣ будани ин бонки таърифиро бо чашми сар бинем.
Қанду фишордор Алиф-бонк наояд!!!
13.12.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:44 дақиқа. Аввалин маротиба буд, ки ман ба бонки “Алиф” қадам ниҳодам. Аз нигоҳи ман ҳар нафаре, ки бемории дил, қанд, давления дорад беҳтараш ба Алиф -Бонк наояд чун даромада, баробар аз одами зиёд нафасгир мешавию мабодо бемории сактаи дил дошта бошӣ, миёни ин тудаи одамон нафасгир шуданатон имкон дорад. На тартиб, на низом, на фарҳанги муошарат, на навбатпоӣ, на 1 пиёла чой ва оби худоӣ... Ман ҳайрон мешавам, ки ҳоло 99% одамон аз пробкаҳои нақлиёти кучаҳои Душанбешаҳр гила мекунанду аз “пробака” - и мизоҷони “Алифбонк” не, Бовар кун, хонанда, ин ҷо “пробка” бештару бузургтар аз роҳу ҷодаҳост.
“Алиф-бонк” корманд надорад?
Вақте ман бо ҳамкорам дохили бинои “Алифбонк” шудем, аввалин коре, ки ҳамчун журналист диққати маро ҷалб кард, сару либоси ягона надоштани кормандони ин бонк буд. Намедонистӣ, ки кӣ мизоҷ асту кӣ бонкдор ва баракс. Аз навбатпойии муштариён маълум аст, ки ин ширкат кисааш пур асту ҳиматашон паст. Зеро тамомии кормандони ин ширкат бо либоси кӯчагӣ фаъолият доштанд. Аз сабаби либоси ягона надоштани кормандони бонк ман муштариёнро аз кормандони Алиф фарқ карда натавонистам.
Аз ин лиҳоз даромадан баробар иштибоҳан назди зани миёнасол рафта гуфтам;
-Салом апаҷон мо ба ширкати шумо барои гирифтани корт омдаем, метавонед кӯмакамон кунед?
Зан табассум карда, гуфт “хоҳарҷон хато кардед, ман ҳам мизоҷам ва мисли шумо барои қарзгирӣ ба инҷо омадаам!”.
Ин вақт нафарони дигар, ки ба қатори ман навбат мепоиданд, гуфтанд, воқеан ҳам хизматрасонии кортии ин бонк дар сатҳи олист, вале мушкилаш дар набуди либоси ягонаи кормандон ва ба мизоҷон (шояд аз зиёд шудани шумораи мардум) бе таваҷҷӯҳ будани онҳост.
Фикр дорам, Алиф-Бонки таърифӣ ё бо мизоҷон бархурдашро дигар кардаву теъдоди ками онҳоро ба толор роҳ медиҳаду чун бонкҳои муосир навбатпоӣ ва иззати муштариро риоят мекунад ва ё рекламаву таблиғи худро дар ТВ камтар. То мардум ҳам кам оянду худу дигаронро гаранг накунанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!
Омиронаи Сайёф
СССР