ХАБАРИ ДОҒ

 

20.12.2021. Имрӯз рӯзи таваллуди Шоири халқии Тоҷикистон, Дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, шоир ва драматурги маъруф Сафармуҳаммад Айюбӣ аст (Дар ҳаққи марҳум ба дуъо бошед). 1 ғазали устоди нотакрор пешкаши аҳли хирад мегардад:
Дӯстон, ҳар лаҳза рӯ бар ёдгори ман кунед,
Ёд аз бинвиштаҳои рӯзгори ман кунед,
Чор фасли сол дорад дафтари аъмоли ман,
Ёди айёми хазону навбаҳори ман кунед.
Шаҳчинорам ман, ки даҳ газ реша дорам дар замин,
Истироҳатҳо ба зери шохсори ман кунед.
Рӯз бо Хуршедаму шабҳо бари исторагон,
Доимо наззора бар лайлу наҳори ман кунед.
Ҳарчи бад кардам, чаро бинмудам ин айбу гуноҳ,
Пурсиш аз ёрони неку бадгумори ман кунед.
В-он чи некӣ кардаам, то нек бошанд одамон,
Гоҳ- гоҳе бо муҳаббат ифтихори ман кунед.
Умри худро гар нисори Тоҷикистон кардаам,
Лолаҳои кӯҳи Теҳрайро нисори ман кунед.
Ман ҳамон Мансури бебокам, ки сар боло кашам,
Аҳли тарсуро бадар аз пои дори ман кунед.
Марқади заррин надорад қурб пеши шоирон,
Килки оташборро шамъи мазори ман кунед.

Соли 1992

Ғанизода Муҳаммади Кангуртӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter