ХАБАРИ ДОҒ

 

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр (Офтоб) истиқбол гирифта мешуд.

Рӯзи 29.01.2022, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ҷашни Сада бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Нахуст раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода ва меҳмонони дигар аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ниҳолу гулу гулбуттаҳо дидан намуданд.

Баъд аз намоишгоҳ дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов қисмати тантанавии ҳамоиши идона барпо гардид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли толорро ба муносибати ҷашни ниёгони Сада шодбош гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид, дар тақвими гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ, 2 фасли сол вуҷуд дошт, ки ин ҳамон муборизаи Аҳурамаздову Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад.

Дар қисмати баъдии чорабинӣ ба беҳтаринҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорон, асалпарварон, чорводорон, полезкорон, пилапарварон, ҷангалбонҳо, боғдорон, парандапарварон, олимони соҳа ва  дигар фаъолони комплекси агросаноатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма Ифтихорнома ва мукофотҳои МИҲД вилояти Хатлон ботантана тақдим шуд.

Барои дастовардҳои шоён дар соҳаи кишоварзӣ дар соли 2021 ноҳияи Данғара соҳиби Шоҳҷоиза ва 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм- ноҳияи Кӯшониён бо вимпел ва 7000 сомонӣ, ҷойи сеюм ноҳияи Ҷайҳун бо диплом ва 5000 сомонӣ мукофот қадрдонӣ карда шуданд.

Омирона Достиева, СССР,

Душанбе-Бохтар-Душанбе,

Аксбардор Баҳодур Уроқов, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter