ХАБАРИ ДОҒ

Қурбон Ҳакимзода: «Азот» ба кор медарояд

  • Чоршанбе, Фев 16 2022

 

Корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии «Азот» (дар гузашта «Тоҷик Азот») қарор аст соли равон ба фаъолият шуруъ намояд. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни баромади хеш дар таҷлили ҷашни Сада хабар дода, афзуд, ки айни замон корҳои омодагӣ идома ёфта, раванди он бевосита дар назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Тавре итиллоъ дода шуд, ҳамин ҳоло дар раванди вусъати корҳои тайёрӣ беш аз 500 нафар мутахассисон машғул ба кор буда, сохтмони хати лӯлаи гази Ӯзбекистон-Душанбе-Ёвон-Левакант низ то корхонаи мазкур ба итмом расидааст.  Пас аз ифтитоҳи корхона он метавонад кишоварзони минтақаро бо нуриҳои минералӣ таъмин намояд.

 ҶСК «Азот»-корхонаи овозадори саноатӣ соли 1967 таъсиси ёфта, дар водии Вахш ҷойгир аст. Масоҳати умумии корхона 121 гектарро ташкил намуда, дар сехҳои он беш аз 1200 нафар кор мекарданд. Корхона карбомид, аммиак, оксиген ва нитрогени моеъ истеҳсол менамуд.

Омирона Достиева,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter