Мавзуъ:Вокуниш ба мақолаи “Мардум, об, қарз ва ҳисобкунакҳо”-и хабарнигори
газетаи “СССР” О. Достиева аз 17 феврали
соли 2022, №7(700)
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, фаъолияти он таҳти назорату сарпарастии он қарор дорад ва пайваста ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, сифати оби нӯшокӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, бартарафсозии садамаҳои обу корез дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе саъю талош менамояд.
Барои он ки сокинони шаҳри Душанбе бо оби босифати ошомиданӣ таъмин бошанд, наздик ба 1400 нафар кормандони КВД «Обу корези Душанбе» шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд, зеро об коркарду санҷиш, интиқолу назорат мехоҳад. Ҳамзамон, кафшергарону челонгарони корхона дар 2 баст - шабонарӯзӣ садамаҳоии шабакаи обу корезро, ки бо сабабҳои мухталиф рух медиҳанду боиси талафоти оби истеҳсолшуда мегардад, бартараф менамоянд. Як куб оби коркардшуда садҳо хароҷоту заҳматҳои сангин дорад, ки мутаассифона, муштариён аз ин огаҳ нестанд.
Хабарнигори газетаи “СССР” Омирона Достиева дар маводаш аз набудани директори корхона бо мақсади баён доштани мушкилаш боиси нигаронӣ намудааст. Ӯ санаи 10 феврал соати 13.30 аз посбонҳо пурсон гардидааст, ки раис дар куҷост ва кай меояд. Хоҳари азиз, раис вазифадор нест, ки ба атофиёнаш ҳисобот диҳад, ки дар куҷост ва кай меояд. Танҳо муовинонро оиди дар куҷо буданаш огоҳ месозад. Дигар ин ки роҳбари корхонаи мазкур бояд рӯзи дароз дар ҳуҷраи корӣ ва дар маъмурият не, балки ба зерсохторҳои корхона ташриф оварда аз рафти кор огаҳӣ пайдо намояд. Зеро зарурати истеҳсолӣ тақозо менамояд, ки барои иҷрои баъзе вазифаҳо аз ҳудуди корхона берун равад ва дар ин бора ба зердастон ҳисобот намедиҳад. Танҳо муовинонро оиди дар куҷо буданаш огоҳ месозад. Объектҳои корхона дар ҳудуди тамоми шаҳр тақсим шудаанд. Аз рафти корҳо дидан кардан ҳам ба вазифаи директор дохил мешавад. Одатан нимаи дувуми рӯз роҳбар дар сохторҳои обтаъминкунӣ ва дар минтақаҳое, ки кормандон бо бартарафсозии садама ва насбу васли қубуру лукидонҳо машғуланд, ташриф меорад ва бо рафти кор шинос мешавад.
О. Достиева изҳор доштааст, ки роҳбарони корхонаву идораҳои об, барқу гармидиҳӣ ва дигар ташкилотҳои хизматрасонии коммуналӣ бояд ҳар рӯз шаҳрвандонро қабул намоянд. Мо нигаронии шуморо хуб эҳсос мекунем, вале агар онҳо аз субҳ то шом шаҳрвандонро қабул намоянд, пас масъулияти роҳбариро кай иҷро мекунанд? Ки рафти корро назорат ва ҳуҷҷату санадҳои муҳимро ба тасвиб мерасонад. Дар рӯзҳои корӣ ба қабули муштариён шуъбаҳои махсус масъулу вазифадор шудаанд. Аз ҷумла, шуъбаҳои танзим, умумӣ, ҳуқуқ, ҳисоббаробаркунӣ бо муштариён, ҳисобкунакҳои обӣ, сардорони шуъбаҳои фурӯши об оид ба аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, истеҳсолӣ-техникӣ ва ғайра ба шаҳрвандон ҳамарӯза хизмат мерасонанду мушкили онҳоро баррасӣ менамоянд.
Санаи 12 феврал соати 10.40 О. Достиева ба қабулгоҳи роҳбар ташриф оварданд, ки каси дигар дар қабули онҳо будааст ва ӯро “меҳмони азиз”-и раис ном бурдаанд. Одатан касе назди раис ба ғайр аз кормандони корхона меояд, ӯро меҳмон мегӯянд. Хоҳари азиз, чун қалъаи Брест ҳимоя намудани роҳбари корхонаро гуфтани шумо муболиғае беш нест. Обрӯ ва мақомеро, ки имрӯз роҳбари корхона дорад, аз кӯча наёфтааст, балки тавассути меҳнату заҳмати содиқонаву софдилона ва масъулияти баланд дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ аз зинаҳои поён то инҷониб соҳиб гардидааст.
Ҳамон рӯз аз ҷониби роҳбарияти корхона-муовини директор Ш. Дустализода О. Достиеваро қабул карда, мушкилашро дар бораи қарзи ҳаққи истифодаи оби нӯшокӣ баррасӣ намудааст. Муҳим он набуд, ки роҳбари аввал имкони қабул надошт, балки муҳим он буд, ки мушкили хабарнигор дар корхона баррасӣ гардад.
Масъалаи дигар мушкили биное, ки О. Достиева зиндагӣ доред, Мушфиқӣ 51/2 об бо реҷаи муайян меояд ва ин бино ба сохтори ягонаи обу корез пайваст набудааст. Агар бино ба сохтор пайваст набошад оби коркардшуда аз куҷо меояд ва оби корезии бино аз кадом қубур гузашта ба куҷо меравад? Аз ин лиҳоз нозир барои талаби ҳаққи хизматрасонӣ ҳуқуқ дорад. Воқеан бинои мазкур аз ҳисоби барориши сеюм дар мувозинати корхонаи мо ҳанӯз аз замони шӯравӣ нест. Вале, ба ин нигоҳ накарда роҳбарият, ки нав аст ва аз ин масъала огоҳ набуд, ба мутахассисон дастур дод, ки ин мушкилро ҳал намоянд ва оби биноро шабонарӯзӣ таъмин кунанд.
Мо лозим донистем аз ин фурсат истифода намуда, оид ба сабабҳои норасоии об дар баъзе бинову хонаҳои маҳаллии шаҳри Душанбе ба сокинон маълумот диҳем.
Боиси таассуф аст, ки дар фасли тобистон як қатор омилҳо сабаби норасоии оби ошомиданӣ дар баъзе бинову қисматҳои болоии маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мегарданд.
Сабабҳои норасоии оби нӯшокӣ пеш аз ҳама дар ноогоҳ будани шаҳрвандон аз фарҳанги истифодабарии об аст. Махсусан, дар фасли тобистон, ки талабот ба об зиёд мешавад, баъзе шаҳрвандон дар шустани ҳавлӣ, мошин, гилему қолин, сард намудани меваҷот, обмонии қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва ғайра аз оби ошомидание, ки хароҷоту заҳмати зиёд дорад, 6 марҳилаи коркардро мегузарад ва барои истеъмол пешбинӣ шудааст, истифода менамоянд. Ҳамин ҳолатҳо, яъне ба исрофкорӣ роҳ додани шаҳрвандон ҳангоми истифодаи об боиси он мегардад, ки мутахассисони дахлдори корхона дар шоҳқубурҳои марказӣ фишори лозимиро таъмин карда наметавонанд. Сабаби дигари маҳдудият ва ё норасоии оби нӯшокӣ набудани ҷумак ва ё дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани ҷумакҳост. Ҳолати дигаре, ки сабаби маҳдудият ва ё норасоии оби нӯшокӣ дар баъзе биноҳои истиқоматӣ ва қисматҳои болоии маҳаллаҳои шаҳр мегардад, ин пайвасти ғайриқонунии қубурҳои оби нӯшокӣ ва дар ҳолати ғайрикорӣ қарор доштани онҳо мебошад. Фаро нагирифтани тамоми муштариён бо ҳисобкунакҳои обӣ низ яке аз омилҳои норасоӣ ва ё танқисии оби нӯшокӣ гардидааст, ки дар ин самт шуъбаи дахлдор кору фаъолият намуда истодааст.
Мо аз фурсати муносиб истифода намуда, шаҳрвандонро барои оқилона ва мақсаднок истифодабарии оби ошомиданӣ даъват менамоем, зеро риояи сарфакорӣ нисбати оби нӯшокӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар ҳалли норасоии об дар баъзе қисматҳои пойтахти азизамон мусоидат хоҳад намуд.
Директор Э. Мирзозода