Аловуддин Абдуллоев аз хурдӣ фирефтаи ҳунар ва дилбохтаи санъати театрӣ буд. Аз кӯдакӣ дар вуҷуди ӯ меҳри ҳунар маъво дошт ва оташаки ҳаҷву мутоиба аланга мезад. Ҳанӯз айёми мактабхонӣ, баъд аз дарс, дар ҳуҷраи танҳоӣ якбора нақши муаллима, омӯзгор, хонанда ва ҷӯраҳои шӯхро шогирдона бозӣ мекард.
Боре падараш мешунавад, ки дар хона якбора гуфтугӯйи якчанд нафар ҷараён дорад. Қиблагоҳаш дида буд, ки Аловуддин танҳо вуруди хона шуда буд, вале ин сару садоҳои гоҳ хандаву гоҳ гиряву гоҳо суханҳои тезутунд ва фосила нармгуфториҳои ким-кадом устоди кӯҳансол ӯро водор кард, ки аз вазъи ҳол огаҳ шавад. Ҳамин тавр ҳам кард.
Вақте дарро боз мекунад, писараш Аловуддинро танҳо мебинаду мепурсад:
- Бо кӣ будӣ, бо кӣ гап мезадӣ, садои кӣ буд?
- Касе нест падарҷон, ман худам танҳо, аз мактаб шӯхиҳо дорам, посух медиҳад Аловуддин.
Ҳамин сарчашмаи эҷоду интихоби роҳи ҳунар аз ҷониби худи ӯ буд, ки бо хости Офаридгор пазируфтаву мароми зиндагӣ ва ормонҳои сабзи ӯ гардиданд.
Орзуҳо омалӣ шуданд. Дар ҳамин ҷода устуворона гом бардошт, завқу салиқаи бештар касб кард ва ҳунари зебои актёриро бо кулли ҷузъиёташ аз бар намуд.
Ҳамчун мутахассиси ҷавон ба Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов барои кор омад.
Нахустин солҳои фаъолияташро дар саҳнаи ҳунар, Ҳунарпешаи халқии ҶТ Бурҳониддин Раҷабов хуб ёдоварӣ мекунад. Ба гумони ғолиб дар ибтидо саҳнасозӣ ва ороиши саҳнаро бар дӯш доштааст. Баъдан муҳит маҳорату малакаи баланди эҷодии ӯро ошкор кард ва акнун дар баробари омодасозии саҳна, нақшҳои хурдро иҷро мекард...
Дар солҳои шӯравӣ хеле кам дар филму намоишномаҳои калон пазируфта мешуд.
Барои Аловуддин Абдуллоев барин 1 ҳунарманди то ҳанӯз кашф ношуда нақш намерасид...
Бо ин вуҷуд ҳунарманд пайи эҷоду густариши ҳунари воло буд.
Афкори тоза ва чун чашмаҳои марғзорони Ватан хурӯшанда дар майнаи ӯ таъсиси шохаи эҷодро тавлид кард.
Театри 1 актёр
Чунин жанр дар роҳи ҳунари воло ҳарчанд мавҷуд буд, вале маъмул набуд.
Дар ин самт ягона аз ҳунармандони нотакрори тоҷик, устоди равоншод Убайдулло Раҷабов намоишномаҳои ҳаҷвӣ омода мекарду халос. Дар миён чанд муддат устоди зиндаёд Убайдулло Раҷабов бо омилҳои садорат ва роҳбарӣ аз чунин жанри таетрӣ канор рафтанд ва ин шохаи эҷод тамоман аз назари аҳли ҳунар дур монд. Аловуддин Абдуллоев мақсаднок ва ҷиддӣ ба ин шоха рӯ оварданд ва барои бинандаву шунаванда барномаи тафреҳии " Шӯхиҳои Аловуддин"- ро эҷод карданд. Талаботи ин гуна намоишҳо тариқи ҳаҷву зарофат, хушгӯйӣ ва танз таҷассуми мушкилиҳо ва тарбияи маънавии ҷомеа буд.
Бешак Аловуддин дар интихоби масири беохири ин шеваи ҳунар муваффақ шуд.
Миллионҳо мухлис ёфт ва дар ҳудуди Осиёи марказӣ ҳамчун ҳунарманди камназир маъруфу машҳур гардид.Обрӯ ёфт ва эҳтироми хоси Сарвари давлатро комёб шуд...
Хуш ба ҳолаш!
Бо меҳнату заҳмати шабонарӯзии худаш нону ном ёфт. Яъне Аловуддин Абдуллоев, ҳунармандест, ки касе ӯро дастгириву мададгорӣ накардааст. Ӯ худ, худашро сохт ва маҳбуби мардум гардонид...
Мансабу мақом...
" Шӯхиҳои Аловуддин" шуҳрати муаллифро фаротар сохт. Эҳтиромаш зиёда гашт ва ӯро соли 2004 дар мақоми директори Театри вилоятии мусиқӣ ва мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар пазируфтанд. Даврони роҳбарӣ ва корбарии ӯ театри вилоятӣ маҳбубияти хосро касб кард.Намоишномаҳои ҷадиду маърифатиро аз драматургони дохилу хориҷ рӯйи саҳна гузошт. Дар " Парасту"- ҳо ва дигар озмунҳои театрҳои касбӣ ҳамеша мавқеъҳои ифтихорӣ дошт. Дар давлатҳои дӯсту ҳамсоя нуфӯзи театри тоҷикро ба арши боло расонид. Боз ҳам мақоми болотар аз вазифаи бар дӯш доштаро ҳамчун масъулияти навбатӣ вогузораш карданд.
Соли 2019 сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъинаш намуданд. Эй кош наменамуданд (хонандаи мо огаҳ аст, ки вақте Аловиддинро ба ин вазифа пешбарӣ карданд, ҳама табрикаш карданду газетаи мардумии СССР таъзияи ҳунараш кард ва ин амалкарди моро ҳунарманди саршинос хеле хуб қабул карда буд. Э, мардуми масъул! Ба генийҳо, нобиғахо, нотакрорҳо вазифа надиҳед, маоши нафақаву стипендия ҷудо кунед, то нақш биофаранд-ред.)
Ҳунарманди эҷодкор бо гирифтани мансаб дучори садҳо мушкилоту сангиниҳои вазифа мегардад. Ҳунари волояш бо сиёсат омезиш меёбад. Вуҷуди нозуку табъи шӯху сареҳаш ло ба лои талаботи чун кӯҳи қофи масъулияти роҳбарӣ мегардад. Ҳунараш канор мемонад. Айнан ҳамин ҳолат дар мақомдории Аловуддин мушоҳида мегардид. Саҳнаҳояш акнун чун қабл пешкаши тамошобин намегардид. Фосила ва гоҳо танаффуси тӯлонӣ ҳам доштанд.
Ишқи ҳунар, ки дар шарёни ӯ ҷорӣ буд, ба ин ҳама вақт меёфт, ҳам кори Раёсатро пеш мебурд ва ҳам саҳначаҳои ҷолибу намакинашро пешниҳоди хурду бузург мегардонид. Изофа бар ин дар МД Телевизиони " Сафина" барномаи муаллифии "Лазиз"- ро пеш мебурд ва дар намоишҳои санҷишии маҳорати истеъдодҳои ҷавон дар Осиёи марказӣ ҳамчун аъзои ҳакамон аз кишвари мо ширкат меварзид...
Унвонҳо ва нуфузи мартабат
Аловуддин Абдуллоевро дар Тоҷикистону берун аз он гунаи ҳунарманди ҳаҷвнигор хуб мешинохтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хосатан мухлиси Аловуддин Абдуллоев буданд ва ишора ҳам карда буданд, ки оилавӣ ба ӯ ва маҳорати ӯ эҳтироми хоса доранд ва баъд аз ҳунари Убайдулло Раҷабов касбияти камназири ӯро қадрдонӣ мекунанд.
Ӯро бо унвонҳои гуногун аз ҷумла Ифтихорномаи ҶТ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, медали 20 солагии Истиқлолият, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон ва шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар сарфароз гардонидаанд...
Оила ва хонавода ...
Аловуддин Абдуллоев соҳиби оила ва фарзандони фарзонаву ботарбиятанд.
Панҷ писар ва се духтар доранд. Писари калониаш Махсум Абдуллоев дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Бохтар фаъолият ва писари дувумаш Отахон дар Донишгоҳи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳсил дорад...
Сафари охират
Ҳаёти инсон марбутӣ ба Офаридгори ӯст. Сарнавишт ҳар нафарро аз рӯйи қисмат бандаи Ҳақ мегардонад ва ба дунёи оромиши абадӣ мепайвандад. Танҳо ин таслимӣ дар роҳи Ҳақ алоқамандӣ ба тақдири инсон дорад, ки бархеро хеле зуд, бақияеро ба таъхир ба роҳи бебозгашт мебарад. Аловуддин Абдуллоев аз қабили ашхоси дӯстдори Олоҳи бузург будааст,ки бармаҳал сӯйи Ӯ шитоб кард.
17.02.2022. Соати наздик ба 9-и пагоҳӣ қалби ҳунарманди писандидаи мардум Аловуддин Абдуллоев якбора аз тапидан боз монд. Ба гуфти наздикону шогирдонаш, ӯ якбора сӯзиши қалбро эҳсос карда, мехоҳад бо шӯхиҳои ҳарвақта ва каме машқи ҷисмонӣ неруи хешро қудрат ва кори дилашро қувват бубахшад.
Ин сӯзиш Ҳунарманди дӯстдоштании ҳамаро ба фарши хона афтонд.
Фишорашро санҷиданд, хеле баланд...
Завҷаи меҳрубону писарбузургаш гуфтанд, ки ҳоло ҳам шӯхӣ дораду худро ба замин хобондааст. Яъне ҳеҷ гумоне надоштанд, ки ин ҳазли навбатии ӯ неву охирин дидори ӯст. То расидани мошини ёрии таъҷилӣ инҷониб устод ,дунёро падруд гуфта буданд. Мусибати ӯ хеле зуд паҳн гардид, афсона шуд.
Во ҳасрати умру зиндагии бевафо!
Қисмат нодиртарин актёр, пурмаҳсултарин эҷодкор ва шӯхтарин ҳунарманди тоҷикро аз миёни мо рабуд. Дарди ҷонсӯзи Аловуддин дар кӯтоҳтарин фурсат кулли шабакаҳои иҷтимоӣ ва мухлисони ӯ дар тамоми дунёро такон дод. На ҳар нафар бо вуҷуди парешон шудани ахбори мусибат, аз марги ӯ бовар мекарданд.
Гаштаву баргашта мепурсиданду вовайлову афсӯс мехурданд. Аммо чӣ илоҷ?
Роҳи ҳамаи мо дунболи ӯст
Риштаи умри Аловуддини азиз,дар давраи камолоти умр,айёми хуби зиндагиву эҷод ,дар омад- омади баҳори нозанин,вақти шукуфтанҳову рустанҳои табиат, арафаи истиқболи Наврӯзи дилафрӯз канда шуд. Масъулини вилоят ва шаҳри Бохтар азми тадорукот карданд. Ташрифи дӯстон, наздикон, ақрабо, ҳамкорон, мухлисон аз гунаи ошнову бегона шурӯъ шуд. Ҷанозаи ӯро аз хонаи бисёрқабатаи бародараш, ки онҷо мезист, ба манзили падариаш, воқеъ дар кӯчаи Ҷаъфар Абдуллоев, рӯ ба рӯйи тандиси аспи Сомонӣ оварданд.
Ҷаҳони кулфату ғам, сӯзу фироқ, дарди ҷонкоҳ меҳмони ин кошона шуд.
Бузургтарин ашхоси кишвар, аъзои Ҳукумати ҶТ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳунармандони маҳбубу маъруфи кишвар, ходимони илму адаб, ҷомеаи калони журналистӣ ва мардуми озодаи мухлис, худиву бегона ҳозир шудаву мотам гирифтанд.
Охирин сӯҳбатҳои телефонӣ
Ӯ шабона бо шогирдаш Отахон Саидзода, директори Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов тамоси телефонӣ мегираду оид ба кору нақшаҳои баъдӣ сӯҳбат мекунад. Бо шӯхӣ ва ҷиддӣ ҳам аз Отахон маслиҳат мепурсад, ки беҳтар аст барои равнақи эҷодам бо шумо ва театри шумо ҳамкорӣ кунам, то тавонам боз барои ҳаводорони ҳунарам саҳнаҳои ҷаззобу лоиқи фароғату тарбияту тафреҳро таҳия намоям.
Субҳ чанд лаҳза қабл аз сактаи қалб бо Рамазон Насриддинзода, мудири шуъбаи маънавиёт ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон алоқа мекунаду роҷеъ ба кадом мактуби расмӣ муколама...
Маросими видоъ
Шаҳрдори Бохтар Сиҷоуддин Саломзода дар саҳни ҳавлии шодравон маросими видоъ таъсис дода, мизбони меҳмонони дуру наздик гардиданд. Лаҳзае чанд аз ҳунармандӣ, зарофат, инсондӯстӣ, Ватанпарварӣ, хизматҳои мондагор дар ҷодаи офариниш ва садорату масъулияти ӯ тараннум карданд...
Гусели манзили ҷадид
Ҳазорҳо ширкатдорони ҷаноза баъд аз хондани намози ҷаноза ,новобаста аз дурии масофаи роҳ ба оромгоҳи деҳоти "Заргар"- и ноҳияи Кӯшониён ҳузур карданд. Болои манзилаш хок пошиданду ба дуову фотеҳаи домулло шарик шуданд. Маконат ҷаннатулфирдавс бод Ҳунарманди зиндаёди тоҷик,Аловуддини азизу муътабару дӯстдоштании тоҷикон! Шумо барои ин миллат ,ин мардум ҳеҷ гоҳ намурдаед.Шумо дар қалби мухлисони хеш маскан доред!
Абдурозиқ Азиззода, журналист,
шаҳри Бохтар,
18.02.2022