ХАБАРИ ДОҒ

Хуҷанд: аз роҳкирои гарон то гулхани арӯсӣ

  • Чоршанбе, Апр 20 2022

 

28.03.2022. Соат ба вақти Душанбе 10:04 дақиқа.  Нисбат ба солҳои қабл роҳкиро ба маротиб гаронтар шудааст. Вақте мо ба тавақуфгоҳи байнишаҳрии самти Душанбе-вилояти Суғд рафтем, анбӯҳи зиёди ронандагони таксӣ дарҳол моро иҳота карданд. Нархи роҳкирои 1 нафар 500 сомонӣ...Даст ба гиребон дошта, гуфтем ронандагони азиз, шумо моро бо ҳавопаймо не, балки бо мошини сабукрав мебаред. Нархи гузоштаи шумо аз нархи билети “Сомон Эйр” гаронтар аст. Мо инқадар пул надорем. Дар ҳамин ҳолат 1 ронанда ба наздамон омада гуфт: Чанд нафаред? Нархи 1 нафар 500 сомонист агар бисёртар бошед, арзонтар мебарам. Мо гуфтем 4 нафарем ва билохира ронандаро ба 150 сомонӣ сари ҳар нафар розӣ кунонида, ба сафар баромадем.

4 фасли сол дар 1 моҳ

Вақте мо сафарамонро ба Хуҷанди бостонӣ шуруъ намудем боду ҳавои Душанбе ба ҳаде гарм буд, ки арақ аз баданамон ғура-ғура мечакид. Ҳамин, ки аз ағбаи«Истиқлол» гузаштем, вазидани шамоли сард сар шуд.

28.03.2022.  Соат ба вақти Душанбе 14 :12 дақиқа.Мо ба назди қишлоқи Анзоб расидем,ҳаво каме сар шудан гирифт. Дар роҳ аз мошин фаромада, каме нафаси тоза гирифта, боз савори нақлиёт шудем.  Дар берун замистон ҳукм меронд!

28.03.2022.  Соат ба вақти Душанбе 15:13 дақиқа. Чун 4 зан будем, дар роҳ сурудхонӣ карда мерақсидем, ронанда ба мо нигоҳ карда гуфт, мо имрӯз сафари хеле хубу хотирмон дорем. Ӯ гуфт, ки дар асл аз Душанбесту аз замони шуравӣ то ин дам дар Хуҷанд истиқомат мекунад.

   - Гапҳои ман мантиқ доранд, зимни сафар дона дона ҳарфҳоямро дарк мекунед. Ана ҳа сар шуд 4 фасли сол дар 1 моҳ-барф, тарма, шамоли сард ва офтобаки хуршедрӯ.

Ростӣ то расидан ба шаҳри Хуҷанд боду ҳаво айнан ба гуфтаи ронанда пайваста тағйир меёфту мо аз ин боду ҳавои Ватан лаззат мебурдем.

 

Гулхани арӯсӣ

Мо бо даъвати дӯстамон Меҳрангез, гулдухтари журналисти шинохтаи музофотӣ-Дилбар Самадова, ба тӯйи арӯсии аввалӣ омада будем. Арӯс аз Тоҷик буду домод Ӯзбек-дӯстии халқҳо дар амал! Пеш аз ба хонаи домод даромадан арӯсу домод дасти ҳам гирифта, гирди гулхани арӯсӣ мисли филмҳои Болливуд 3 маротиба чарх зада, пас пой ба остонаи хонаи нав гузоштанд. Мегӯянд, ки оташ тамоми вазниниҳо, мушкилот, бадиву беморӣ ва бадбахтиҳоро аз вуҷуди инсон дур мекунад. Шояд ҳамин тавр бошад ва мо ҳам аз паси онҳо гирди оташро 3 маротиба чахр задем:

Зардии рухамро бигир,

Сурхии рӯятро бидеҳ!!!

 

Хуҷанд: хони хоксоронаи қудоҳо

Чизе, ки дар тӯйи хуҷандӣ ҳайрати маро овард ин дастархондорӣ буд. Дастархони хеле хоксорона, ҳама чи тибқи меъёр, на кам ва на зиёд. Ман чунин дастархонро, ки ба назарам холӣ намуд, дида, гуфтам, ки дарҳол рафта мева, ширинӣ, обу кулча, қанду қандалот, сабзавоту хуришҳои гуногун биёранд. О, қудоҳо меоянд ку!Ҳамин маврид холаи арӯс зани миёнасол лабханд зада гуфт, ки «хоҳарҷон, ба қудоҳо писанд намеояд, зеро онҳо фикр мекунанд, мо худнамоӣ дорем!»!

Холаи арӯс дар идома гуфт, ки “дар тарафҳои Душанбе ва вилояти Хатлон пур кардани дастархон дар назди меҳмонон мӯд шудааст, аммо дар тарафҳои мо дастархони пурро худнамоӣ ва харҷи бекора меҳисобанд!”. Воқеан пур кардани дастархони назди қудо дар шаҳри Хуҷанд аз руйи одоб набудааст!  Бояд қайд кунам, ки дар дастархони қудо танҳо 2 лаълӣ ширинӣ, 2 лаълӣ хӯриш бо кабудиву сабзавот ва нону пиёлаи чой гузошта шуда буду халос.

Омад-омади домод

Вақте домод қадамҳои нахустини худро ба хонаи арӯс гузошт, дар пеши пояш танҳо 1 пояндоз партофтанд. Вақте онҳо вориди хона шуданд ман худ ба худ мегуфтам, ки агар ҳозир қудоҳо ба хона дароянду дастархони оростаи арӯсро бинанд, табъашон хира мешавад ё масхара мекунанд. Аммо не! Чун апаву холаву аммаи домод вориди хонаи арус шуда, модари гуларӯс ба онҳо хуш омадед, гуфта аз дастархон нон шикаста, даст пеши бар намуда, пиёлаи чой дароз кард, дар чеҳраи меҳмонон ягон зарра ошуфтагӣ надидам!

 

Аз Хуҷандиҳо бояд омӯзем

Дар косачаҳои хурд-хурдакаки сафол ним коса оби шӯрбо ва дар табақчаҳои хурдакак 3-4 бурида гӯшти бирён бардошта, ба пеши қудоҳо гузоштанд. Дар дастархон ғайр аз чойи кабуту сиёҳ ягон намуд обҳои нӯшокӣ набуд. Қудоҳо гуштбирёнро хӯрда, пас аз 40 дақиқа арӯсро гирифта, ба тарабхона рафтанд.

Дар тарабхона ҳамаи нозу неъматро дидем-мева, обҳои нӯшокӣ, хӯришҳои гуногун. Хӯроки 1-ум биринҷова оварданду хӯроки 2-юм бошад 1 донаӣ манту, тавре, ки худи хуҷандиҳо мегӯянд, “сарикасӣ”. Ва дар охир пас аз анҷоми туй вақте арӯсро ба хонаи домод бурдем, ба хулосае омадам, ки агар ҳамин гуна духтаргуселкунӣ дар мо бошад, дар 1 моҳ 30 маротиба туй мекунем. Аз тарафи дигар ҳамин кори хуҷандиҳо дуруст аст-анвои меваю қоқу тару хӯрок тибқи меъёр, чи қадаре, ки меҳмон метавонад бихӯрад, на сарфи бекора ва на исроф.

 

Харҷи тӯй дар Хуҷанд

1)    Дар рӯзи туй арӯс танҳо 3-4 либоси арӯсӣ медузонад.

2)    Ҷиҳоз-мебелро арӯс харидорӣ менамояд. Халос!!!

Дар тарафи мо барои духтари худро ба хонаи бахт гусел кардан:

1) на камаш 10 ҳазор сомонӣ танҳо барои хариди гӯшту равған меравад.

2)5 ҳазор сомонӣ танҳо барои хариди қанду дона барои рӯйи дастархон, ки баъдан ҳамаро ба ахлоттӯда мепартоем.

2)30 ҳазор сомонӣ барои хариди мебели арус.

3) 10 ҳазор сомонӣ барои хариди куртаҳои арӯс.

4) 20 ҳазор сомонии дигар,танҳо барои ороиши арӯс ва куртаи иҷора!

5) 25-30 ҳазори дигар харҷи тарабхона.

6) 12-15 ҳазор пули сароянда.

7) 5 ҳазор сарфи мошини арӯсӣ.

8) ва 1 бетартибии дигар баромадааст: домоду арӯс фото-сессия мекунанд, боз 10-15 ҳазори дигар…

Агар волидони арӯс ин қадар маблағ надошта бошанд, пеш аз туй аз бонкҳо пул қарз мегиранду пасон солҳои тӯлонӣ қарзи тӯйро мекананд. Ва агар соҳиби духтар бахташ баландӣ кунанду доро бошад, пас ҳатман пас аз туй чизҳои мондаро фарзи мисол: нону намаку шириниҳоро ба партов бурда мепартоянд...

Ин аст воқеияти мо!

Омиронаи Сайёф,

СССР, Душанбе - Хуҷанд - Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter