ХАБАРИ ДОҒ

Эҳёи Дашти Қозӣ пас аз 43 сол

  • Чоршанбе, Апр 13 2022

 

Дашти Қозӣ бо беш аз 200 гектар замини корам дар шафати  шоҳроҳи Айни-Панҷакент қарор дошта, расо 43 сол аз гардиши кишоварзӣ монда, дар пайи харобаҳои селу боронҳои шадид, ба 1 макони санглох мубаддал ёфт. Мо тасмим гирифтем ба Дашти Қозӣ сафар намуда, бо чашми сар бинем, ки чи гуна мардуми шарифи Панҷакент заминҳои 43 сол бекор хобида ва пур аз сангро тоза намуда, боғ бунёд карда истодаанд.

 

3 миллион сомонӣ барои санглох

Тавре дар суҳбати ихтисосӣ бо мухбири мо Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент иброз дошт, пас аз селҳои харобиовари солҳои гузашта ин мавзеъ пурра ба санглох табдил ёфта, аз гардиши кишоварзӣ монда буд. Зимни суҳбат зикр гардид, бо  дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, корҳои тоза кардани маҳал аз санг, бунёди гузаргоҳҳои селпарто, каналҳои обрав ва чоҳҳои обпуркунӣ сар шуданд. Дар ҳақиқат дар ин дашт дар мудати кӯтоҳ корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудааст. Охирин маротиба мардум соли 1979 дар ин дашт кишт карда буд.

Бино ба итиллои расида барои эҳёи ин макон аз Фонди махсуси раиси вилояти Суғд беш аз 3,3 миллион сомонӣ ҷудо шуда, корҳои ободонӣ зери назорати шахсии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифта истодаанд. Зимни сафари мо ба ин мавзеъ Зариф Мирдадо, муовини раиси вилояти Суғд, ки рушди соҳаи кишоварзиро бар ӯҳда дорад, бо супориши Раҷаббой Аҳмадзода 15 рӯзи ахир дар инҷо қарор дошт. Майдони корзор замони барқарорсозии заминҳои Дилварзин ё Мирзочӯлро мемонад, ки дар ҷушу хурӯш аст.

 

14 тележка санг аз 1 га

Ғолиб Гадоев, сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент гуфт, корҳои заминии азнавсозӣ дар Дашти Қозӣ моҳи ноябри соли 2021 оғоз гардида, бештари вақт барои тоза намудани заминҳо аз санг сарф шудааст:

   - Аз 200 гектар замини дашт 149 га замини кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, то ба имрӯз бо дастгирии деҳқонон ва саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ 110 гектар ба гардиши кишоварзӣ баргардонида, дар он боғҳои маҳаллӣ ва муосир бунёд мешаванд. Аз рӯи ҳисоб аз ҳар 1 га замин то 13-14 тележкаи трактор санг баровардем. Ҳанӯз ҳам дар баъзе қитъаҳо сангкашӣ идома дорад. Дар баробари ин аз дарёи Зарафшон тавассути сохтмони 1 пойгоҳи обкашии пуриқтидор ва лӯлаҳои калон об ба боло бароварда шуд, ки ба воситаи он боғу токзор обёрӣ хоҳад гашт. Заминҳои эҳёшуда алакай ба кишоварзон ва саҳмдорон ҷудо гардида, онҳо дарахтони гуногун шинонида истодаанд.

 

 

Чормағзи туркиву себи хатлонӣ

Ғолиб Гадоев дар идомаи суҳбат гуфт, ин заминҳо, ки барои боғу токзор хеле мусоиданд, дубора ба боғот табдил хоҳанд ёфт. Бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Туркия ниҳолҳои дарахти чормағз-2400 бех ҳар яке на камтар аз 55 сомонӣ, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон-ниҳолҳои дарахти чормағзи содиротӣ ҳар яке бо нархи 45 сомонӣ, аз вилояти Хатлон ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва токзор оварда шуданд. 1 навъ дарахте, ки хосатан дар ин мавзеъ шинонида мешавад сиёҳолуст (чернослив).  Дар умум то ба 1.04.2022 дар заминҳои дубора ба гардиши кишоварзӣ баргардонидашудаи Дашти Қозӣ 9859 адад дарахти чормағз, 6590 адад сиёҳолу, 9400 адад ток ва 500 дарахти ороишӣ шинонида шудааст. Ҳамаи ин дарахтони мевадиҳанда пас аз 3-4 сол ба ҳосил даромада, метавонанд пурра бозори дохилиро таъмин намуда, 1 ҳиссаи он ҳатман содиротӣ хоҳад шуд.

 

Санг ва заҳмати сангин

Тавре Хуршед Фозилов, ҳамкори мо мегӯяд, воқеан кор дар Дашти Қозӣ хеле сахт рафта истодааст. Ва агар пас аз эҳё саҳмдорон бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир накунанд, он ҳатман самараи хеле хуб хоҳад дод, ба гуфтаи мардуми Панҷакент боғи аҷоиб зӯр мешавад!

 Офарин ба ин мардум, ки дар муддати на кам аз 5 моҳ тавонистанд сангҳои беш аз 40 солаи селовардро, ки ҳар яке шояд баробари 1 хонаи маҳаллӣ бошад, кандаву аз замин берун бароранд. Заҳмати беандоза ва меҳнати пурмашаққат ва тоза кардани 110 гектар замин аз сангҳои 5-10 тоннаӣ осон нест. Ва офарин ба он нафароне, ки азм кардаву даст ба ин кор задаанд. Коре, ки шояд дар замони советӣ дар 3-4 сол анҷом меёфт, имрӯз дар Дашти Қозии Панҷакент дар мудати хеле кӯтоҳ-5 моҳ амалӣ гашт ва ҳатман ин кори кишоварзони панҷакентӣ дар таърих хоҳад монд. Мо Метавонем!

 

Ҷамилаи Мақсуд,

А.Собир, СССР

Душанбе-Панҷакент-Душанбе,

1-2.04.2022

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter