Дар рӯзи нишасти матбуотӣ бо раиси ноҳияи Мастчоҳ аз вилояти Суғд рӯзноманигорони зиёд омада, ба раиси ноҳия саволҳои гуногун доданд. Раиси нав ҷавон буда, то тавонист ба саволҳо ҷавоб дод. Бояд гӯям, ки гарчанде раиси ҷавон дар соҳаи хоҷагии қишлоқ кор накардаву таҷриба надошта бошад ҳам, дар муддати кӯтоҳ бисёр чизҳоро фаҳмида гирифтааст, ин албатта боиси хурсандӣ аст. Дар қатори саволҳои гуногуни додашуда 2 саволи бамаврид буд-чаро коргоҳи «Ангубин» кор намекунаду фақат чун моли бозор даст ба даст хариду фурӯш шуда истодааст ва чаро ноҳия нақшаи пахтасупориро иҷро карда натавонист??
Раис Аъзам Ализода шахси масъули соҳаи кишоварзиро ба назди микрофон даъват намуд, ки то ба журналистон посух бигӯяд. Роҳбари бахши кишоварзии ноҳия Мирбайзоев ҷавоб дод, ки бо сабаби нарасидани об ва паст будани нархи пахта деҳқонони ноҳия ба ҷои 12 ҳазор гектар 8 гектар пахта коштанду халос. Нақшаи кишти пахтаро иҷро карда нашуд, зеро мардум дар заминҳои саҳми худ аксаран чормағзи заминӣ кишт карданд. Раиси ноҳия аз Мирбайзоев пурсиданд, ки чаро барои чормағзи заминӣ об ёфт шуду барои пахта не, вале касе посухи аниқ надод.
Анъана шудааст, ки дар нишастҳои матбуотӣ дар ноҳия фақат раиси ноҳия гап занаду посух гӯяд. Дигар роҳбарони ташкилотҳо беташвиш дар курсиҳои мулоими даврзананда шишта, худро аз масъулият дур мекунанд.
Зикриё Дилшод,
ноҳияи Мастчоҳ