ХАБАРИ ДОҒ

Душанбе номашро иваз кунад!

  • Чоршанбе, Май 11 2022

 

Мардуми рус барои хидматҳои шоёни Петр арҷ гузошта, пойтахташонро ба номаш монданд. Баъдан амрикоиҳо низ ба чунин амали нек даст зада, пойтахташонро ба номи Президенти якумашон Вашингтон, ки Амрикоро аз зери истисмори Англия озод карда буд, гузоштанд. Халқи қазоқ ҳам солҳои тӯлонӣ идора кардани мамлакатро аз ҷониби Назарбоев ба назар гирифта, Остонаро ба Нурсултон иваз намуд. Воқеан шаҳрҳое, ки номҳои қаҳрамонони миллатро ба худ касб намудаанд, хеле зиёданд.

 Ба пиндори ман халқи тоҷик низ ба ин иқдом бояд пайравӣ карда, ба пойтахт, ки номи рӯзи ҳафтаро дорад, исми Сарвари давлат-Раҳмонро гузорад. Зеро имсол Ҷаноби Олӣ синни мубораки 70-ро пур мекунанд ва тайи 30 сол аст, ки аз рӯзи қабули қарори таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ одилонаю оқилона давлати навини тоҷиконро сарбаландона роҳбарӣ карда истодааст.

 Ҳоҷат ба зикр кардани номгӯйи заҳматҳою талошҳои пайвастаю бешумору бесобиқаи Пешвои миллат нест. Ҳамаи мо сокинони Ватани азиз шоҳиди онем, ки маҳз бо туфайли роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳани ҷангзадаву хору зорамон ба кишвари биҳиштосо табдил ёфт.

Пешвои муаззами миллат худ таърих аст ва таърихи давлати навини тоҷиконро пас аз 1000 сол ҳамчун меросбари асили шоҳ Исмоили Сомонӣ аз нав бунёд намуд ва месазад пойтахти мамлакатамонро ба номаш гузорем. Фарзи мисол, Раҳмонобод, Раҳмонканд, Раҳмоншаҳр...

Зариф Ғулом,  

адиб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter