Ба шаҳодати муаррих Наршахӣ нахустин мадраса дар Бухоро пайдо шуда, дар солҳои 937-938 аз сӯхтор нобуд шудааст. Дар аҳди Сомониён танҳо дар Самарқанд 17 мадраса амал мекард. Дар асрҳои 9-10 дар арзу тӯли империяи Тоҷикон садҳо мактабу мадрасаву донишкада фаол буданд, ки мардуми степнишину кӯчӣ аслан инҳоро надошт. Чунончи, дар вилояти Хуттал, ки марказаш Ҳулбук буд, 20 мадраса амал мекард. Яке аз онҳо, ки хушбахтона то даврони мо расидааст, ин мадрасаи «Хоҷа Машҳад» мебошад. СССР тасмим гирифт, хонандаи худро бо ин донишкада ошно созад. Мо метавонем!
Ғафуров ва таваҷҷӯҳи хосаи ӯ
Луқмон Турсунпулотов, роҳбалади мавъзеи таърихии н. Шаҳритус дар суҳбат бо мухбири газетаи СССР дар вилояти Хатлон, нақл намуд, ки Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дошта, аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад. Инро шарқшинос, муаррих ва бостоншиноси маъруфи рус Александр Беленитский дар «Мавзолей у селения Саят» ном матлабаш гуфтааст. Дарвоқеъ чун ба мадрасаи Хоҷа Машҳад аз наздик ошноӣ пайдо мекунед, аз ҳунари волои ниёгони гулдасту мумтозамон дар дил эҳсоси ифтихор менамоед.
Луқмон Турсунов мегӯяд, нахустин маротиба соли 1894 узви Ситод ё худ Штаби генералии Россияи подшоҳӣ, афсари рус Лиментак, дар ёддоштҳо ё худ ҳисоботи иктишофиаш нисбати бекигариҳои Бухоро, қайд намудааст, ки дар деҳаи Сайёд ёдгории қадимии хуштарҳе мавҷуд аст, ки барои сокинони атроф ҳамчун оромгоҳ ва масҷид хизмат мекунад. Ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад аз нимаи дуюми асри гузашта, аниқтараш аз он айёме, ки фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров ҳамчун Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба фаъолият шуруъ кард, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Бо акси Носири Хисрав!!!
Мактаби таҳсили Носири Хусрав!!!
Мадрасаи мазкур дар асрҳо 9-12 сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ 2 бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта ба ҳам пайваста боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ буда, сохти гунбазу равоқҳое, ки аз хишти моил чидашуда бино ёфтаанд, хоси меъмории ҳамон давра мебошанд. Ба андешаи А. Л. Литвинский дертар аз тарафи ғарбии бинои 2-юм равоқи пештоқдори мунаққаше илова гардидааст. Дар 2 гӯшаи биноҳо гулдастаҳои на чандон калон сохтаанд. Дар тарафи муқобил ё худ самти шимолии он низ аз хишти хом ва пухта 2 бинои гунбаздори на он қадар калон пӯшида шудааст, ки ба бинои қисми ҷанубӣ ва асосии ансамбл шабоҳат дорад. Бинои мазкур дар тӯли асрҳо вайрону валангор гардида, аз байн рафтааст. Чунин андеша ҳам роиҷ аст, ки шоир ва мутафаккири маъруфи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ таълимоти ибтидоии диниашро дар ҳамин мадраса гирифтааст.
Хмелнитский-кашшофи роҳи зеризаминӣ
Дар ин миён месазад аз хизматҳои арзишманди муарриху бостоншиноси маъруф Сергей Хмелнитский, ки беш аз 40 сол гурӯҳҳои махсуси ҳафриётию бостоншиносиро роҳбарӣ карда, дар мадрасаи Хоҷа Машҳад корҳои зиёди илмию тадқиқотӣ бурдааст, ёдовар шавем.
- Мо, собиқ хонандагони мактаби миёнаи №7 н. Шаҳритус, тобистони соли 1965 ҳангоми таътили тобистона таҳти роҳбарии Хмелнитский Сергей Григоревич дар мадрасаи Хоҷа Машҳад бо корҳои ҳафриётӣ машғул будем, гуфта буд чанд сол қабл зимни сӯҳбат собиқ сармутахассиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритус шодравон Тошпӯлод Норов ва афзуда буд: бо фармоиши Хмелнитский ҳангоми ҳафриёт 1 роҳи зеризаминӣ пайдо карда, то масофаи муайян роҳрави онро аз хок тоза намудем.
Ба гуфтаи Б.Норов, Хмелнитский барои ҳар рӯзи кории толибилмон ба маблағи 3 сумӣ дастмӯзд медод. Маҳз таҳти роҳбари бевоситаи ин олиму муҳаққиқи варзида дар ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта корҳои ҳафриётию бостоншиносӣ равнақи тоза касб карда, ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андохта шуд. Қабл аз ҳама исбот гардид, ки биноҳои ёдгории зикргардида дар 1 вақт не, балки дар асрҳои гуногун бо ҳам пайваст шудаанд. Ҳамзамон муайян гардид, ки 54 гӯри дар дохили ҳар 2 бинои ёдгории мазкур мавҷуд буда, дар асрҳои 9-12 не, балки баъдтар, ҳангоми истилои Осиёи Миёна аз ҷониби чингизиён пайдо шудаанд.
Тақрибан 4-5 сол қабл тавассути 1 инсони соҳибмаърифат асари бунёдии бостоншиносу муаррихи варзида С.Хмелнитский таҳти унвони «Ходжа Машхад» (нашри Олмон-Рига,соли 2001) ба дастам афтод. Муаллиф онро бо соядаст ба ҷонишини директори муассисаи ҷумҳуриявии илмӣ-истеҳсолӣ оид ба таъмиру тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҶТ Зиё Ҳасанов тақдим кардааст. Асари мазкур дар зери таҳрири Муҳаммад-ар-Рашид сурат гирифта, он аз 233 саҳифа иборат буда, бо сифати баланд ба табъ расидааст.
116.370 доллар барои «Хоҷа Машҳад»
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз соли 2005 то соли 2009 дар асоси 2 лоиҳа барои таъмиру ободонии мадрасаи «Хоҷа Машҳад» 116 370 доллари ИМА маблағ ҷудо кадааст. Маблағи мазкур барои тоза кардани 5 км заҳбури обпарто ҷиҳати паст кардани обҳои зеризаминии атрофи мақбара, бо таҳпояи бетонӣ мустаҳкам кардани таҳкурсии мадраса, кӯчонидани қабрҳои баъдина аз масҷиди мадраса ба бинои шафати он, ҷалби устоҳо ва сохтани хумдонҳои хиштпазӣ, харидории маводи сӯхт, истеҳсоли хишти қадима, тармими пурраи мадраса бо он хиштҳо ва амсоли ин масраф шудааст. Бо ин ҳама, метавон тахмин зад, ки агар ин маблағ дурусту оқилона сарф мешуд, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, ки дар феҳристи дастовардҳои башарии ЮНЕСКО ё худ сандуқи байнулмилалии фарҳани СММ қарор дорад, боз ҳам зебову ободтар мегардид. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!
Баҳодур Уроқов, СССР,
вилояти Хатлон