Баъди пошхӯрии давлати шӯравӣ аҷаб замоне шуд. Мешҳои мурдае ки буданашон касе аз онҳо хабар надошт, худро истиқлолхоҳ хонданд. Чуноне, ки омӯзгорони дар солҳои душвор мактабро тарккарда, имрӯз маорифпарваранд. Дигар ҷойҳоро намедонам аммо дар Панҷакенти бостонӣ бархе кӯшиш карданд то ба кӯчаҳо, мактабҳо ва ҷойҳои дигар номи падарони хешро гузоранд. Нависандагони беақл, шоирони гумном ва олимони беамал чун замбӯруғи паси борон рӯидаанд, шоирони маддоҳ аввалин шуда, ба ситоиши бизнесменҳо пардохта, худро бо пулу моли эшон шарик гардониданд.
Дар саҳифоти матбуоти даврӣ танқид оҳиста-оҳиста гум шуд. Гӯшаҳои “Анбур” , “Ҷайра”, “Қаланфур” фаромӯш гардид. “Чойхонаи дилкушо” барҳам хӯрда, клуби “Дугонаҳо” ба нестӣ кашида шуд. Қанд хӯру вазиреро танқид кун. Ҳама аз ҳайбати калоншавандаҳо ба ваҳм афтода, салому алейк ва иззату ҳурмат фаромӯш шуд.
Солҳои 90- ум ҳамаро ғорат карданд, аммо касе ҷавобгар нашуд, чунки коммунистоне, ки даст ба сина мезаданд, якбора гумном шуданд, ё кафан пӯшида ҳоҷӣ. Ҳатто баъзе коммунистон худро эшон номиданд. Дузди моликияти мардум навтоҷик ном гирифт.
Солиёни донишҷӯӣ агар мо ба деҳаи Некноти ш.Панҷакент меомадем, хурду калон “Зиёратҳо қабул” гӯён ба аёдати мо меомаданд ва бо навбат моро даъват карда, 1 пиёла чой мекарданд. Агар мабодо бо ин ё он баҳона бо шарикдарсон аз Кӯлоб мерафтем, ба қавле худо медод. Ҳар ки кӯшиш мекард моро нону намак кунад. Бале замона тағйир хӯрд. Ҳамчунон ба назар мерасад, ки имрӯз ҳама чиз ҳаст, аммо самимият нест, меҳр нест...
Холмурод Сафарзода
ш.Панҷакент