Солҳои охир дар бораи табибони чинӣ чунон таърифу тавсифи зиёдеро родиёю телевизион мерасонанд, ки гӯё ин мӯъҷиза бисёр мурдаҳоро зинда мегардонад.
Корафтодае, нақл кард, ки 15.01.2022 бо ҳамроҳи ҳамсарам барои табобат ёфтан аз касалии тарбод ба Маркази табобати чинии ш.Хуҷанд рафтем. Тарҷумонҳо моро ба назди Исомизоҷҳои тангчашм бурданд. Ҷанобон касалии ҳамсарамро аз гуфтаҳояш шунида, бе ташхиси тиббӣ, якчанд қуттичаҳои оби зардмонанд ва камтар алафҳои шинос, ки дар кӯҳҳои Ватанамон хело зиёданд, доданду гуфтанд, ки баъди 10 рӯз албатта шумо сиҳату саломат мешавед. Барои ин доруҳои бе нафъашон маблағи зиёд талаб карданд, 2000 ҳазор сомонӣ, аммо аз таскини дард дараке набуд.
Аз гуфтаи табибони чинӣ 20 рӯз баъд ба назди табибон рафтам. Дар толорчаи қабули беморон шумораи одамони зиёд нишаста, оҳанги норизоятӣ аз табобат мекарданд. Мардум мегуфтанд, ки пули калон додему сиҳат нашудем, пуламонро баргардонед…
Дар давлати ҳамсояи Ӯзбекистон дарҳои табобатхонаҳои чиниро қулф заданд. Дар мо бошад, шабу рӯз ТВ давлатӣ ин шарлатанҳоро таблиғ ва мардумро гӯл мезананд. Пурсида мешавад, оё ТВТ низ ба ин «ҷинояти тиббии чиниҳо» шарик нест?
З. Дилшод,
н.Мастчоҳ