Нуқтаи аввалини корвон – ин боздид аз ноҳияи Дарвоз ва аз мулоқоти намояндагони воситаҳои ахбори омма бо роҳбарияти ноҳияву аҳли қаламу фарҳангиёни Дарвоз буд. Боиси хурсандист, ки имсол тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашнии 19-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷлил гашта мардуми ин минтақаи кишвар алакай ба ин ҷашнҳо омодагӣ дида истодаанд. Инчунин, журналистон ният доранд рӯзи 12 май бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ вохӯрда сӯҳбату мулоқоти судманд намоянд.
Баҳодур Уроқов, СССР ВМКБ, ноҳияи Дарвоз