Раҳим Мусулмониён: «Бузургии Ҳошими Гадоро намедонанд. Чаро ки танҳост.
Имкони ношинохта монданро ҳам дорад. Барои ҳамеша. Ва аммо 1 нафару 2 нафар шиносанд ва ба паҳлӯяш оянд, пуле хоҳанд сохт, миёни вай ва ҷомеа; миёни растагорӣ ва раҳгумӣ, ва ин бар нафъи ҷомеъа хоҳад буд».
***
Гулрухсор Сафиева: «Ҳайфи Ҳошим Гадо, ки тоҷик таваллуд шуду дар Тоҷикистон ба дунё омад. Агар дар дигар миллат ба дунё меомад, бо ин қаду қомат, ҳунару чеҳра ва боқувватиаш дар баробари Арнолд Шварценеггер ва ҳунармандони номдори олам қадр медошту қимат пайдо мекард. Вале афсӯс».
***
Муҳаммад Ғоиб, шоири халқии Тоҷикистон: «Ҳошим Гадо сарвати миллист, монанди ӯ ҳунарманди заҳматкаш нест.
Зиндагӣ ағба дораду кӯҳсор,
Ҳаст пасту баландияш бисёр.
Ӯ ба осонравон надорад кор,
Ҷӯяд осораш аз раҳи душвор.
Марди доно ҷаҳони худ донад,
Ранҷ дида, касе наранҷонад.
Рафта умру нишони ӯ монад,
Мӯрро ӯ намедиҳад озор.
Мӯшикоф асту мӯ ба мӯ бинад,
Ойина ҳасту рӯ ба рӯ бинад.
Ҳама наздику дур ӯ бинад,
Чашм дӯзад ба олами асрор.
Ханда дар лаб дарун-дарун гиряд,
Дил пур аз таб дарун-дарун гиряд.
Аз ғами халқи содда хун гиряд,
Чун анори қабат-қабат хуншор.
Ҷаҳл бигрифта ҷойи доноӣ,
Ҷойи ҷамъаш гирифта танҳоӣ.
Давр оварда рӯ ба расвоӣ,
Тарсад Эдип зи нав шавад такрор.
Парчами боми кохи фарҳанг аст,
Парчами нанги олами нанг аст.
Созу оҳанги ӯ дигар ранг аст,
Дорад аз давлате ба худ осор...
Газета «ИмрӯзNews» №17 (1214), аз 1.04.2016: «Ҳазорсолаҳо мегузаранд, лекин исми Ҳошим Гадо чун санъаткори барҷаста ва нотакрор вирди забонҳо хоҳад буд. Мо бояд аз ин ифтихор кунем, ки ҳамасри ӯем…».
***
Сайёд Ғаффор, шоир: Агар Ҳошим Гадо дар ҳар бахше ҳунар меварзид, ба пирӯзӣ мерасид. Таҳамтанест, ки ба 1000 достон меарзад. Агар муштзан мешуд, дунёро саршикаставу паршикаста мегирифт! Агар гуштингирӣ мекард, сари номоварони майдонро дар хок мезад...
Ӯ рӯи саҳнаи театр омад. Саҳнаҳоро баланд бардошт. Мардум рӯ ба баландӣ карданд...
Устод Ҳошим аз қурғошим сахт аст! Пас аз 1000 сол устухонҳои ӯро аз хок берун меоранду ба дида мемоланду меболанд, ки чунин Тоҷики бузургустухон, расида, накӯбунёд будааст. Ӯ ба мӯмиёӣ кардан сари мӯе ниёз надорад!..
Ҳошим Гадо агар аз дигар миллат мебуд, ҷояш болои дида мешуд.
Дареғ, агар хасе, ки бо пул менозад, кино месозад. Бо кино бозӣ кардану тамошо додани кинобозӣ гуноҳи нобахшуданист!