15.07.2022. Соат ба вақти СССР 17:55 дақиқа. Ҳамин ҳоло дафтарчаии хотираамро варақ задаму ба нохост бо ин навиштаи Устод Ҳаёт Неъмати Оташи Самарқандӣ вар хурдам (ниг.ба акс). Ва ин навиштаҷот маро ба 33 пас партофт…
…Бо дӯстам Осим Мудинови ванҷӣ, ки дар факултаи таърихи Донишгоҳи Санкт-Петербург мехонду ман дар риштаи рӯзноманигории ҳамин университет, дар маркази савдои "Гостинный Дворь"-и Питер сайру гашт доштем, ки марде бо ҷуссаи хурд, чигас зери бағал, вале бо чашмони уқобии оташбор манъамон карду пурсид:
-Аз куҷои Тоҷикистонед?
Ҳайрон шудем. Зеро мо бо Осим ҳарфе назада, хомӯш тамошо карда, мерафтем ва пурсидем аз куҷо донистед, ки мо на узбаку татору озариву арманӣ, ки маҳз Тоҷикем?
Марди уқобии ношинос гуфт:
-Аз рӯи Тоҷик нури хуршед меборад ва чашмонаш ғурур доранд!!!
Инро гуфта даст дароз кард:
-Ман Неъмати Самарқандӣ!!!
Шиносоии ман бо устод аз ҳамин ҷо сар шуд...
Пагоҳаш меҳмонаш шудем, дар меҳмонхонаи маъруфи Питер- Советский ва дар дафтарчаи хотиротам ҳамин пораи шеърашро набишта кард:
Номуедӣ-душмани ҷон асту бас,
Номуедӣ-тарки имон асту бас.
Ноумедӣ-бехудоиро нишон,
Бехудоӣ-ғайри инсон асту бас!!!
Навишт, таърихи 22.09.89-ро гузошт ва афзуд:
-Тоҷик бояд ҳич гоҳ ноумед навшад! Рӯзе мерасад, ки Давлати мо соҳибистиқлол ва Озод мегардад!!!
Ва барои ин нӯшбодаш, 1 коняки самарқандӣ рӯи миз гузошт. Гуфтем наменӯшем, ки гуфт:
-Ин конякро бояд ҳар Тоҷик нӯшад! Зеро онро Тоҷикони Самарқанд сохтаанд!...
… Аз байн 2 аср гузашт-асри 20 ва 21... Устод лаҳзаҳои ахирини умрашро аз фишори Каримов танг шуда, дар Душанбе, пойтахти Давлати мустақили Тоҷикистон (умеду ормонаш) мегузаронид ва сарпарасти будубошаш дар меҳмонхонаҳои шики пойтахт-Тоҷикистон ва Фарҳанг.... медонед кӣ буд?
-Асадулло Раҳмонов!!!
Оре, Асадуллои журналисти ТВ ва Радио, сипас директори Кумитаи РТВ... Хараҷу мараҷи будубошаш низ бар гардани Асадулло буд, вале ҷое на шунидаву на дидаам, ки Раҳмонов Асадулло ақаллан боре гуфта бошад, ки Ҳаёт Неъмати Самарқандиро пуштигир будааст.
Инро барои онҳое менависам, ки дар зиндагонӣ 1 бор ба аёдати Тоҷиктарин Тоҷики Самарқанд, ба меҳмонхонаи шафати Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, нарафтанду пас аз маргаш ашкҳои тимсоҳӣ мерезанд...
Ҳамин ҳоло дастнависи устод Оташи Самарқандӣ аз қаъри асри ХХ, дақиқан таърихи 22.09.1989...33 соли пеш пайдо шудаву маро ба ёдномаи таърих кашид...
Боқӣ дигар ҳеҷ!
"Поторпоитесь восхищаться Человеком, ибо упустите радость!!!"
-ин ҳушдори Кофутсий низ дар ҳамин дафтарчаи хотираи ҷавонии ман навишта шуда буд...
Хотират шод ва рӯҳат ором бод, Бузуртгарин ва Бедортарин Тоҷики Самарқанд дар ҳама давру замонҳо. Мо ин Истиқлрлият, ин Озодӣ ва ин Давлатро ба касеву чизе иваз намекунем! Мо метавонем!!!
Махсус барои СССР