ХАБАРИ ДОҒ

Туризми динӣ, мазҳабӣ ё эътиқодӣ?

  • Чоршанбе, Авг 24 2022

 

Тоҷикистон дар масъалаи туризми эътиқодӣ бояд пеш равад. Бинед:
1. Хоҷа Аюби Ансориву Султон Увайс дар Ховалинг;
а) Кули Уштурчаро дар болои Мазори Султон;
б) Сангтӯдаҳо дар Ховалинг;
в) Чилчанори Ховалинг
2. 40-духтарони Муъминобод;
3. Шоҳи Хомӯши Лангари Муъминобод.
4. Эмом Ҷаъфари Содиқ дар Дашти Ҷум;
5. Кӯҳи Эмом Аскараҷон дар Шӯробод
6. Кӯҳи Хуҷамуминҷон, Хоҷа Сартез - Восеъ- Кӯлоб
7. Шақиқи Балхӣ (Данғара)
8. Хоҷа Исҳоқ ё Спитамон дар Айнӣ
9. Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ дар Роғун
10. Ҳазрати Шоҳ (асри 16), мақбараи кандакоришудаи 1-сутуна дар Чоркӯҳи Исфара;
а) Ҳавзҳои афсонавии моҳӣ:

б) Мазори Балогардон

11. Бурхи Сармасти Валӣ дар Вахё
Давомаш нигаред ба "Зиёратнома"-и шоир Хайрандеш!
Ба ҷои туризми эътиқодиро рушд додан, ҳар таърихчии нодони нофаҳмро ба суҳбат наоред, то ҷоҳои таърихӣ-эътиқодии мардумро инкор накунанд. Маблағи ҳангуфте барои Тоҷикистон ин навъи сайёҳӣ меорад!
Араб чӣ қадар ҳушманд аст: Дар пайравии Бибӣ Ҳоҷар ҳоҷиён 7 бор байни кӯҳҳои Сафову Марва медаванд (албатта харҷи маблағро намегӯям). Ин эътиқод аст, ки ҳазорҳо км мардумро гардиш медиҳад. ЭЪТИҚОДИ МАРДУМРО НАШИКАНЕД! Хайрият ин таърихчиёни бесалуқайи мо он ҷо набуданд, набошад онро ҳам афсона мебароварданд!

Саъдӣ Маҳдӣ,

Директори Академияи ВАО

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter