ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон ва Сурхондарё: ҳамкорӣ ба хотири фардо

  • Чоршанбе, Авг 31 2022

 

Дар Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё, ки ҳафтаи гузашта дар ш.Норак баргузор шуд, 23 созишномаи ҳамкорӣ миёни мақомот ва соҳибкорони вилоёти Хатлону Сурхондарё, аз он ҷумла ба имзорасонии Харитаи роҳ байни 2 вилоят, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартнома барои сармоягузорӣ, 6 шартнома барои молу маҳсулот ба маблағи 26,6 миллион доллар ба имзо расид. Дар ин бора ба мухбири СССР дар шуъбаи итилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

 Дар Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳарду вилоят иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки меҳмонони узбек ба хотири таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни 2 вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба Хатлон омаданд.

  - Лозим ба таъкид аст, ки таҳким ва густариши робитаҳои корӣ бо минтақаҳои Узбекистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии мо мебошад. Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба мо барои самаранок истифода бурдани иқтидори минтақаҳоямон мусоидат мекунанд, манфиатдорем. Вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро ҷузъи муҳими стратегияи рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, фароҳам овардани ҳавасмандӣ барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии минтақа медонад. Итминон дорам, ки сафари кории ҳайати вилояти Сурхондарё ба Хатлон дар таърихи муносибатҳои 2 вилоят саҳифаи нав хоҳад кушод. Имрӯз “Харитаи роҳ” ба имзо мерасад, ки дар он иқдомоти муштараки минбаъдаи мо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак танзим мешавад, - гуфт Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии хеш дар Форум.

Дар доираи ин сафар меҳмонон бо роҳбарии раиси вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон Тӯра Боболов, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ва раиси шаҳри Левакант Файзиддинзода Б. бо ҳайати кории худ аз «Осорхона»-и Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии саноати кимиёи ш.Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дидан карданд.

 Дар Осорхонаи Литсей меҳмонон ба ҳаёту фаъолият, солҳои таҳсил ва синфхонаи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошно гашта, дар идомаи сафари корӣ ба н.Ҷ.Балхӣ ташриф оварда, аз корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” боздид намуданд. Гуфта мешавад, ки корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” дар минтақаи саноатӣ ҷойгир буда, бо маблағи 380 миллион сомонӣ бунёд ёфта, масоҳати корхонаи мазкур 6 гектарро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхона 600.000 тонна семент дар 1 сол мебошад.

 Сафари кории меҳмонон дар ш.Кӯлоб идома ёфта, нахуст аз оромгоҳ ва осорхонаи Алломаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан ба амал оварда шуд. Дар назди осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ меҳмонҳо бо ҳунарҳои мардумӣ ошно шуда, сипас аз корхонаи нассоҷии «Ваҳдат текстайл» дидан карданд.

Ҷ.Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter