ХАБАРИ ДОҒ

Юсуф Раҳмон ягон муроҷиатро бе баррасӣ намегузорад!

  • Чоршанбе, Сен 14 2022

 

Дар шумораи №34 (727) аз 25.08.22 –и ҳафтаномаи “СССР” мақолаи “Кӣ омад ба ҷои кӣ ва кӣ беҳтар буду кӣ на”-ро хонда, хостам дар бораи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон фикри худро баён кунам. Муаллиф Муҳаммади Мубориз дар маводи мазкур қайд мекунад: “Ба назар мерасад, ки аз Юсуф Раҳмон профессионалитар нафаре дар ин ниҳод кор накардааст” ва фикр мекунам ҳақ ҳам ҳаст.

Нахуст бояд қайд кунам, ки бо Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон аз наздик шинос нестам. Дар ягон вохӯрӣ ва ё нишасте бо эшон ҳузур надоштам. Вале чӣ тавре дар халқ мегӯянд “Қаҷ нишину рост гӯ”. Қазияи 2 сол пеш кушта шудани ҷиянам, афсари калони милиса Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ дар бинои ШКД шаҳраки Панҷ аз тарафи ҳамкораш Амирзода Насим, ки аз пушт ба ӯ тир зада, ба қатл расонид, сабаб шуд, ки ман ба ин даргоҳ корафтода шавам ва ба Прокурори генералӣ муроҷиат кунам. Тафтишот аз тарафи прокурори ноҳияи Панҷ он қадар саросемавор пеш бурда шуд, ки ҳатто шахсияти марҳум дуруст муайян карда нашуд. Ҳангоми шиносоӣ бо парванда, аз чанд камбудиҳои тафтишот эрод гирифта, ба прокурори Панҷ расман муроҷиат кардем ва хоҳиш намудем, ки пеш аз ба суд супоридан, нахуст камбудиҳоро бартараф кунад. Прокурори ноҳияи Панҷ мактуби моро рад кард ва бе ягон баррасӣ баъди 1 рӯзи муроҷиат ба он посух гуфт. Вақте ҷавоби прокурори Панҷро гирифтем, ба қавли русҳо дар ҳолати “шок” афтидем. Дар ҳамагӣ 2 ҷумла 27 хатои имлоиву аломатӣ ба назар мерасид. Дар мактуб ҳатто номи худи прокурор, ному насаби муфаттиш ва ному насаби ҷабрдидаву намояндаи ӯ бо иштибоҳ навишта шуда буд.

 

Прокурори профӣ

Ман мактуби мазкурро чанд нусха чоп карда, хатоиҳоро бо ранги сурх ислоҳ карда, барои баррасӣ ба Прокурори генералӣ супоридам ва хоҳиш намудам, ки нисбати прокурори ноҳияи Панҷ барои дағалона вайрон кардани Қонун “Дар дар бораи забони двлатӣ” чораандешӣ кунанд. Баъди тақрибан 1 ҳафтаи супоридани мактуб тасмим гирифтам, ба қабули худи генпрокурор роҳ ёбам. Мо ба қабул омода шудем, вале худи прокурори генералӣ набуданд. Ёрдамчиашон хабар доданд, ки Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон бо мактуб шинос шуд ва ба прокурори вилояти Хатлон супориш дод, ки шикоятро ҳаматарафа омӯхта, чораандешӣ кунанд.

 Ростӣ бовариам набуд, ки нисбати Прокурори Панҷ ягон чора андешида мешавад, вале ман иштибоҳ кардам!!! Баъди 10 рӯз ба мо аз Прокурори вилояти Хатлон мактуб омад, ки дар он гуфта мешуд:

“Прокуратураи вилояти Хатлон муроҷиати Шуморо нисбати прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А.Ғ. мавриди санҷиш қарор дод.

Дар рафти санҷиш ваҷҳҳои овардаатон оиди аз тарафи прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А.Ғ. роҳ додан ба хатоҳои имлои забони точикӣ зимни омода намудани мактуби ҷавобӣ ба дархостатон тасдиқи худро ёфт.

Бо натиҷаи санҷиш, барои вайрон кардани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастурамал «Дар бораи коргузорӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармони прокурори вилояти Хатлон аз 20.05 соли 2021 нисбати Холиқзода А.Ғ. муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуд”.

 

Прокурори Панҷ баҳои 2 гирифт

Баъди гирифтани посухи мазкур боварӣ ҳосил кардам, ки Прокурори генералӣ нисбати зердастонаш сахтгир аст ва ба касби худ бо масъулияти баланд рафтор мекунад ва ҳеҷ шикоятеро бе баррасӣ намемонад. Маҳз супориши ӯ боиси он шуд, ки шикояти мо ҷиддӣ баррасӣ шуда, нисбати прокурори ноҳияи Панҷ ҷазои интизомӣ татбиқ карда шавад. Агар ҳама прокурорҳо ба муроҷиати шаҳрвандон ҳамин гуна бо масъулият муносибат кунанд, нисбати зердастони худ чунин сахтгир ва серталаб  бошанд ва ба касби худ ба таври профессионалӣ амал кунанд, боварӣ ҳаст, ки адолат ҳамеша пойдору қонунсолорӣ пешаи ҳомиёни қонун хоҳад шуд.

Вақте шикоятҳо чунин ҷиддӣ баррасӣ мешаванд, боварии мардум ба қонун ва пеш аз ҳама ба худи ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ бештар мегардад. Он гуна, ки баъди муроҷиати мазкур боварии мо ба Прокурори генералӣ бештар шуд. Офарин бар Генпрокурори ҶТ. Мо Метавонем!!!

 

Холиқназар Ҷумъаев,

Махсус барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter