ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Дӯсти соҳибқалам, корманди рӯзномаи вилоятии “Хатлон” собиқ муҳаррири рӯзномаи “Баҳористон”, н.А.Ҷомӣ Исматулло Ҳасанов занг зада ҳушдор дод, ки ба сафари ноҳияи Сангвор ба зиёрати мақбараи ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ тайёр шавам. Ин таклифи пурқимати дӯстамро бо хӯшҳолӣ пазируфта сафарро дидам ва рӯзи 14-уми июл ҳарду савори мошини сабукрави Исматулло роҳ сӯи Душанбе гирифтем. Дар пойтахт 2 нафар ҳамкурсонаш Абдуҳафиз ва Талабшоҳ моро интизор буданд. Дар соати ваъдагӣ онҳо ба мошин нишастанд ва бо нияти нек сафари бехатар ба якдигар хостем ва ронандаамон Исматулло ҷилави мошинро сӯи шаҳри Ваҳдат, н.Файзобод, ш.Роғун гардонд.

Деҳаи Сичароғ

Аз Оби Гарм поин шудем ва ба кӯҳҳои баланди ноҳияи Нуробод, роҳҳои пурпечутоб вохурдем. Мавзеи неругоҳи Роғун хеле дуртар монд, вале мошинҳои пуриқтидори ҳаракаткунанда гувоҳи он буданд, ки бунёдкорони кохи нур дар зер ва болои замин машғули созандагианд. Аз мавзеи мушкилгузари Кабудҷар ному нишон намондааст, дигар ба дилҳои ронандагону мусофирон даҳшат хона намегузарад, чунки роҳи рафтуомад ҷои худро аз азамати роҳсозон бехавфтар гардонидааст. Аз деҳаҳои Сичароғ, Чорсада, Самсолиқ ном мондаасту халос. Сокинонашон ба ҷойҳои ҳамвори ноҳияҳои Данғара, Турсунзода, Рудакӣ кучонида шудаанд. Маркази ноҳия маҳз дар ҷои ҳамвору дилкушо бо санги асос гузоштани Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шукуҳу шаҳомат пайдо кард.

Тавил ва Хинг

Баъди чанд километр роҳ паймудан дарвозаи ноҳияи Сангвор, ки бо самимият мусофиронро хайра мақдам мегуяд, болои роҳ, назди Ҳавзи Кабуд қад кашидааст. 2 соҳили дарёи Хингоб пур аз дарахти гуногун, арчаҳои сарсабзи хушнамуд, алафи каб-кабуд ва гулҳои шукуфони худруй манзараи куҳистонро ботароват намудаанд. Тавил ва Хинг агар калимаҳои арабӣ бошанд ба мазмун ва табиати роҳу дарё мувофиқ омадаанд. Тавил-дара-дараи дароз ва Хингоб аспи маст кафк аз даҳон паронида сар ба санг зада сӯи водӣ шитоб дорад. Аҷаб таззодҳое.

Зиёрати марқади ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ

Баъд деҳаи Чилдарк бо манораҳои баланди масҷид ба чашм расид ва гузаштан аз Дашти Ғурк моро ба маркази ноҳияи Сангвор-Тавилдара овард. Пагоҳӣ барвақт, офтоб нав қади пайза баланд шуда буд, ки Талабшоҳ ҳамсафаронро даъват ба роҳ кард. Мошинро ба роҳ омода сохтему бо дуои соҳибхона С.Идиев озими деҳаи Лангар шудем, то бо барвақтӣ ба деҳа равему баъд ба сӯи мақсуд-зиёрати марқади ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ ҳаракат намоем. Деҳаҳои Сайёд, Шпилнон, Луфиғор, Миёнаду, Лайрон, Арғанкӯл ва дигарҳо паси сар шуданд ва охирон деҳаи Лангар ҷои истамон гардид, чунки аз ин деҳа то назди марқади Ҳазрат 50 километр роҳ буда, танҳо бо воситаи мошинҳои “УАЗ-469”, “Мусси”, “Нисан” рафтан мумкин будааст, чунки роҳ ноҳамвор буда, таги “шиками” мошинҳои сабукравро сангҳо харошида корношоям мегардонанд. Дар деҳаи Лангар,дар доманаи кӯҳ мазори бузургвори дигар Хоҷа Аловуддин ҷой гирифтааст ва онро ҳар як зиёратчӣ бояд зиёрат намояд. Пайраҳаи борик аз деҳа касро ба сӯи боло ба назди оромгоҳ меёрад. Пешорӯ кӯҳи аз санги сафед ва марқади Хоҷа Аловудин бо як шаҳомат ба чашм мерасад. Аз тани харсанги суфта оби софу ширин ҷаҳида мебарояд ва меҳроби болои марқадро хайёл мекунӣ, ки устои чирадасте тарошидааст. Ба гуфти мутаваллии мазор ин худ дар асл ба чунин ҳолат будааст.

Баъди чанд печутоби роҳро тай намудан дар назди мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармастӣ Валӣ мошин қарор гирифт ва бо мутаваллии мазор шайх Шокир салому алейк намудем. Азбаски вақти намози шом расида буд, намозро гузоридем ва 2 ракъати дигар дар ҳаққи ҳазрат эъдо карда шуд. Қоидаи зиёрат ҳамин будааст. Он гоҳ ба оромгоҳи ҳазрат даромадем ва мутаввалӣ Шокир дар бораи Ҳазрат нақл намуд. Бурхи Сармасти Валӣ дар ривоятҳои динӣ омадааст, ки авлиё буда дар замони Мусо-пайғамбар зиндагӣ кардааст. Бо баъзе носозгориҳои замона ҳамроҳи модар ва ду бародараш ҳиҷрат менамояд ва бародарону модараш дар Афғонистон мефавтанд. Ӯ ҳиҷраташро бо дар хоб дидани модараш давом медиҳад, ба Вахё ба деҳаи Боршид омада аз одамон 40 сол пинҳонӣ зиндагӣ мекунад.

Мақбарае, ки 980 сол пеш сохта шудааст

Аз нақли мутаваллӣ Шокир бармеояд, ки 980 сол пеш мақбараи Ҳазрати Бурхи  Валӣ бо хишти пухта сохта шуда будааст. Дар солҳои 2004 аз нав эҳё кардани оромгоҳ ба миён омад. Оромгоҳ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз нав сохта шуд. Ғафсии девори мақбара 1 метр мебошад. Бинои мақбараи қабли дар шакли мудаввар сохта шудааст, ки ишора ба ҳашт равзанаи ҷанат мебошад. Худи Ҷаноби Олӣ ду маротиба оромгоҳи Бурхи Сармасти Валиро зиёрат намудааст. Зиёрати оромгоҳ аз моҳи июн то моҳи октябр давом мекунад ва меҳмонони дохилию хориҷӣ аз оромгоҳ ва манзараҳои табиат бархурдор гардида ба кӯҳҳои Ванҷу Дарвоз, қуллаи Исмоили Сомонӣ шинос мешаванд. Барои зиёрат кунандагон шароити мусоид: ҷои хоб, тайёр кардани хӯрок, обӣ таҳорат ҳама вақт муҳайёст.

Зайнулобиддин Ҳусейнов,

деҳаи Гулибодом,

н. Ёвон 

                                                                                           

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter