ХАБАРИ ДОҒ

Маҷмааи «Истиқлол»-Муъҷизаи нав дар олами тамаддуни Тоҷик

  • Чоршанбе, Сен 21 2022

 

  08.09.2022. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

121 метр баланд будани Маҷмааи “Истиқлол” рамзист: қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр ба маънии дар соли 1991 ба даст овардани Истиқлол мебошад.

 

Масоҳати умумии маҷмааи рамзи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.

 

Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир шуда, рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.

Ҳанӯз 26.05.2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расид. Озмуни мазкур 11 марти соли 2020 аз ҷониби аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид. Дар маҷмуъ дар озмуни кушод 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд.

 Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гуруҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардид, сазовори ҷойи якум шуд. Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик мебошад. Ҳангоми тартиб додани Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ” лоиҳакашон ҳамчун асос ба рамзи “Дарахти Ҳаёт” такя намуданд, ки он ғояву мазмуни васеъро ифода ва таҷассум менамояд.

 Аз ҷумла, “Дарахти Ҳаёт” бо реша, тана ва шохаҳои он рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устуворист, тоҷпоя — рамзи пойдору устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, 7 гунбази гирдогирди муҷассама рамзи 7 қабати замину осмон, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро ифода менамоянд.

 

Маҷмааи майдони “Истиқлол” аз бахшҳои алоҳида иборат мебошад ва маҷмааи рамзи “Истиқлол” дар маркази боғ бино ёфтааст, ки аз берун атрофи онро 14 деворнигораи андозаи 9 бар 5,20 метр иҳота намудаанд.

 Дар ин чаҳордаҳ деворнигора таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои гуногун тасвир ёфтааст.

Деворнигораҳо бо унвонҳои мухталиф аз қабили “Каюмарс ва Ҷамшед ҳамчун шоҳи аввалини ақвоми ориёӣ, шиносоӣ бо китоби Авесто”, “Ба сари қудрат расидани Куруши Кабир ва муттаҳид намудани сарзаминҳои ориёӣ”, “Муборизаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ” бо номи муҳорибаи “Санги суғдӣ”, доир ба 3  давлати абарқудрати аҷдодӣ — Ашкониён, Кушониён, Сосониён, “Деваштич. Давлатдории Тоҳириён ва Саффориён”, “Сомониён. Исмоили Сомонӣ. Вазирон, аҳли илму адаб”,  “Тоҷикон дар асрҳои XI — XVI”, “Темурмалик – қаҳрамони халқи тоҷик”, дастовардҳои фарҳангии марҳалаи тӯлонии таърихи ниёкон бо нишон додани акси китобу катибаҳои асримиёнагӣ ва намунаи санъату ҳунар, шоирону адибон аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш, доир ба шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон Саразм, Гонур, Балх, Нисо, Марв, Самарқанд, Бухоро, Тахти Сангин, Хуҷанд, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Ҳирот, Ғазна, “Таърихи нав. Сохтмонҳои бузург”, “Давраи истиқлолият, Қасри Арбоб, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Майдони Дӯстӣ, сохтмони аср – НБО “Роғун” ва дастовардҳои замони истиқлолият барои бинанда маълумот медиҳад.

 

 Дар ошёнаи якуми Маҷмааи “Истиқлол” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароиту имкониятҳои хизматрасонии маҷмаа, аз ҷумла намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, намунаи дастовардҳои аҳли эҷод, толори синамо ва ҳуҷраҳои корӣ шинос шуданд.

 Ошёнаи якуми иншооти мазкур аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат мебошад.

 Дар ошёнаи дуюми Маҷмаа Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки аз галерея ва “Тахти тоҷикон” иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.

 Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Аз ҷумла,  табарҳои сангӣ, ки аз маҳаллаи Лучоб ва соҳили дарёи Душанбе дарёфт гардида, мутааллиқ ба асри санг мебошанд. Мавҷудияти чунин ёдгориҳо гувоҳи он аст, ки Душанбе дорои таърихи қадима буда, дар ҳудуди он аз давраҳои пешин ҳунару ҳунармандӣ, фарҳангу оинҳои гуногун рушд карда буд.

 

Дар осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тахти рамзии Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки бо назардошти арзишҳои таърихӣ сохта шудааст, шинос шуданд.

 Ин тахт пурра бо усули миллӣ ороиш ва кандакорӣ шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки тоҷи дар болои тахт ҷойгиршуда аз тиллои тозаи истеҳсоли Тоҷикистон сохта шудааст. Тоҷро  сангҳои қиматбаҳо, аз қабили алмосҳои диаметрашон 3 ва 2 миллиметра,  ёқути кабуди диаметраш 15 миллиметр, тилло ва тиллои сафед ва лаъли Бадахшон бо андозаи 22 ба 15 миллиметр зинат медиҳанд.

Дар рӯйи тахт фарри шоҳии тиллоӣ гузошта шудааст. Фарр, ки нишони давлатдорӣ ва тахту тоҷ аст, бо 68 шуои зардӯзӣ оро ёфта, бо тоҷи заррин пайваст шудааст ва ин ишора ба эҳёи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ва 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳар 1 риштаи зардӯзишуда бо риштаи филизии тиллоӣ кашида шудааст.

Аз 2 тарафи тахт грифҳо ё худ шерҳои болдор бо минқори уқоб ҷойгиранд, ки бо шакли бозубанд аз Хазинаи Амударё ёфт шудаанд. Бояд гуфт, ки тасвири Шери Болдор ҳамчун нигоҳдорандаи тахт ва қудрат байни мардуми Бохтари қадим хеле маъмул буд. Тахт дар байни чортоқ ҷойгир буда, атрофи онро сутунҳои чӯбини бо сангҳои қиматбаҳои маҳаллӣ ороёфта иҳота кардаанд. Паси тахт бо деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, Варахша, Афросиёб ва Бунҷикат бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо сохта шудааст.

 Атрофи он 7 калиди тиллоии рамзӣ аз 7 шаҳри  қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ - Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Ҳулбук, инчунин нусхаи намунаҳои санъати волои Хазинаи Амударё —  бозубанди тиллоӣ ва Аробачаи тиллоӣ гузошта шудааст.

 

 

 Аснои боздид аз осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимону бостоншиносон барои ҳифзи ҳамаҷонибаи ин ёдгориҳои гаронарзиш, густариши фаъолияти осорхонаи навтаъсис, ҷалби бештари тамошобинон ба сайри осорхона, ошно намудани наврасону ҷавонон бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллӣ ба воситаи ёдгориҳои ба намоиш гузошташуда дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

 

 Бояд гуфт, ки яке аз ҷойҳои ҷолиби Маҷмааи рамзи “Истиқлол” майдони тамошои он мебошад. Он дар ошёнаи 14 дар сатҳи 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад.

 Дар Майдони “Истиқлол” беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ, ки шумораи зиёди онҳоро занон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Маҷмааи рамзи “Истиқлол” аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, деворнигораҳо, майдони баргузории роҳпаймоӣ, гулгашт, таваққуфгоҳҳо иборат аст.

Дарвозаи марказии майдон, ки 43,8 метр дарозӣ, 9 метр паҳноӣ ва 32,67 метр баландӣ дорад, бо истифода аз масолеҳи баландсифат бунёд шудааст ва он дар қисмати хиёбони Рӯдакӣ воқеъ мебошад.

Дар Майдони “Истиқлол” бо ибтикори  Сарвари давлат дар давоми 2 сол зиёда аз 7,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишии нодир шинонида шуд.

 Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан аксари дарахтони нодирро 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри Миллат парвариш кардаанд. Ин дарахтон бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар гӯшаҳои гуногуни майдони Истиқлол шинонида шуданд.

Тарҳи лоиҳаи бунёди ин мавзеъи дилкаш бо санъати нотакрор ва бо риояи тамоми меъёрҳои бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ ва табиатдӯстӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст.

 

 Баъди ифтитоҳи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи рамзи “Истиқлол” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии идона суханронӣ карда, ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми мардуми сарбаланди кишварро ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Барномаи пуршукуҳи идонаро ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик, ҳамоиши хонандагону донишҷуёни коллеҷу мактабҳои олии пойтахт, бо шумули 30.000 нафар зебу зиннати ҷаҳонӣ бахшид.

31-умин солгарди Истиқлолияти Давлатӣ муборак, хонанда, дӯст ва ҳаммеҳани гиромӣ. Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter