ХАБАРИ ДОҒ

Аҳмад Зоҳир аз Дарвоз аст?

  • Чоршанбе, Сен 28 2022

Мақолаи устод Варқаи Зайниддин, ёвари калони прокурори вилояти Хатлонро дар бораи зинагиномаи Аҳмад Зоҳир, булбули Шарқ хондам.  Аз гуфтаҳои устод  бармеояд, ки модари Аҳмад Зоҳир аз форсизабонон ва тоҷикони Дарвози Бадахшони худамон будааст. Дар ҳақиқат душманони дохилии Афғонистон ҳунармандро дар айёми ғурури ҷавонӣ, дар синни 33-солагӣ аз ҳаёт маҳрум карданд. Боз ба ин бераҳмиҳо нигоҳ накарда, хиёнатро давом дода, гӯру манзилашро валангор намуданд.

Матлабро хонда, дилам реш шуд. Устод Ҷурабеки Назрии дарвозиасл шахсан бо Аҳмад Зоҳир дар Афғонистон шиносоӣ пайдо кардаву робитаи дӯстӣ дошт. 

Ҳоло пешниҳод дорам, ки пайкараи устодон Ҷурабек Назрӣ бо ҳамроҳи дӯст ва ҳамсабақаш Аҳмад Зоҳир дар ш.Душанбе гузошта шавад. Таклиф дорам, гӯри Аҳмад Зоҳир аз ҷаври Толибон халос шудаву ба Дарвози Тоҷикистон интиқол дода шавад.

Нодирхони Алихон,

ш.Турсунзода

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter