ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоли мақбараи И.Сомонӣ табоҳ аст…

  • Чоршанбе, Окт 05 2022

01.10.2022. Соат бо вақти Душанбе 11:23 дақиқа. Нурмуҳаммад Раҳимов, омӯзгори собиқадор, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи СССР аз ш.Норак ба редаксия занг зада (тел: 907336909), гуфт, ки чанде пеш аз сафари Самарқанду Бухоро омадаасту акнун аз сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон 1 хоҳиш дорад.

   - Ба наздикӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуда. аз шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва Бухоро дидан кардам. Тамоми мақбараву зиёратгоҳҳоро зиёрат кардаму дасти дуо ба хотири гузаштагон бардоштам. Вале 1 чиз маро дар ин сафар нороҳат кард ва он ҳам вазъи бади мақбараи Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати Тоҷикон.

Хиштҳои мақбара кандагӣ, хокаш рехтаву ранги берунааш бисёр бенур шуда, ба ҳолаш дили кас месӯзад. Мақбараҳои дигар бисёр бошукӯҳ, дарунашон қолинҳои гаронбаҳо андохтаву дар болои қабрҳои гузаштагон бахмали сабз бо навиштаи оятҳои Қуръон гузошта шудааст, вале ҳолати дохили мақбараи Исмоили Сомонӣ ҳузнангез аст.

1 оят хонда баромадем, ба зани роҳбалад 100 сомонӣ дароз кардаму рафтам. Чанд лаҳза баъд он зан маро садо карда пурсид, ки дар паси 100 сомонӣ акси кист? Гуфтам акси нафаре, ки шумо инҷо нишаста, ба мақбарааш сайёҳону меҳмононро роҳбаладӣ мекунед-Исмоили Сомонӣ!

Ҳоло аз сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон устод Абдуҷаббор Раҳмонзода хоҳиш менамоям, ки 1 маротиба аз ин мақбара дидан намуда, барои таҷдиди он масъалагузорӣ намоянд. Лозим бошад мо пул ҷамъ карда, барои таъмири он саҳми худро мегузорем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter