ХАБАРИ ДОҒ

Филми узбекиву дубляжи тоҷикӣ..

  • Чоршанбе, Окт 12 2022

 

Салом СССР! Имрӯзҳо тавассути ТВ «Синамо» филми узбекии «Муҳаббат» ба намоиш рафта истодааст. Ҳунармандони кишвари ҳамсоя бисёр 1 сериали зебову диданиро ба навор гирифтаанд, вале ҳунармандони бахши дубляжи мо ба қавле «маҷақи» ин филмро баровардаанд. Ҳоло мегӯям барои чӣ.

Баъзе серияҳо пешу қафо намоиш дода мешаванд. Тарҷума гоҳо нодуруст аст, ҳарфҳо ба сюжет мутобиқат намекунанд. Онҳое, ки дубляж кардаанд, аз ӯҳдаи ин кор баромада натавонистаанд. Овоз бояд дилчасп, ширадор ва ҷаззоб бошад, то ин ки тамошобин лаззат барад, вале дар тарҷумаи ин сериал марди 60-70 соларо овози ҷавони 18 сола дубляж мекунад…

Гуломалӣ Асоев,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter