Салом газетаи мардумии СССР! 50-60 сол пеш ҳангоме, ки тифл таваллуд мешуд бе ягон маслиҳати мардуму мутахассисону забондонон ба ӯ ном мегузоштанд. Ба фарзанду набера номҳои оддӣ медоданд: Ситора, Шоира, Идибек, Малика, Зафару Азиз ва ғайра. Ин номҳо ҳам кӯтоҳ буданду низ маънии худро доштанд. Ҳоло бошад, чӣ? Дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум номи хуб мепурсанду меҷӯянд.
Ҳой мардум! Ин фарзанди шумост, бояд худи шумо ном интихоб кунеду гузоред, на фаолони шабакаҳои иҷтимоӣ!
Фарзона Набиева,
н. Муъминобод