ХАБАРИ ДОҒ

Сталин ва 4 суруди Акашариф

  • Чоршанбе, Нояб 02 2022

 

Салом СССР-и азиз! Чанде пеш дар китоби нависанда Урун Кӯҳзод бо номи «Акашариф. Борбади асри бист» 1 чизи ҷолиберо дар бораи И.В.Сталин хондам ва хостам онро ба шумо ҳам фиристам то нашр кунед. Бигузор онҳое, ки ба Сталин бадгӯӣ мекунанд, чи гуна одамият доштанашро фаҳманд.

Соли 1941 Даҳа дар шаҳри Москов, дар пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ, барпо гардид. Маҷлисҳои мутантан, вохӯриҳо дар фабрику заводҳо ва муҳокимаву баҳсҳо, гузашт, ва рӯзи ҷамъбасти кор фаро расид. Дар базми ботантана, ки ҳусну қубҳи фаъолони адабиёту санъат, дар ҳузури ҳакамони олирутба, ҷамъбаст мешуд, роҳбарони олимақоми ҳизб ва ҳукумат, аз зумраи тамошобинон буданд. Ва дар ин базм, аз аҳли санъат беҳтаринҳо ҳунарнамоӣ бояд мекарданд. Ва шарташ ин буд, ки ҳар кадоме ба саҳна даъват шавад, 1 суруд мехонад.

Акашариф дар консертҳои рӯзҳои пеш бо хондани Чорзарб ва чанд суруди дигар дар толори азим он қадар шӯру валвала афканд, ки тамошобинон намехостанд ӯ аз саҳна биравад – пайваста каф мекӯфтанду каф мекӯфтанд. Ва ӯ, албатта, дар шумори беҳтарин аз беҳтаринҳо буд.

Акашарифро даъват карданд. Вай бо 3 писараш Қандил (11 сола), Муқим (10 сола), Дарвозӣ (6 сола), ба саҳна баромаданд. Акашариф мизроб ба панҷтор бурд. Муқим таблак зад. Ва ҳамаашон баробар суруданд:

Дидам андар як чаман як ошён,

Ошёни пурсафои булбулон.

Булбулони нуктапардози накӯ,

Ишқбозони гули хушрангу бӯ…

Ҳамин ки суруд итмом ёфт, садои кафкӯбӣ гӯё сақфи толорро метарконд. Дар ложаи ҳукумати аъзоёни бюрои сиёсӣ, бо сарварии Котиби Генералии ҳизби коммунистии болшевикон, И.В.Сталин нишаста буданд. Сталин, ҳамон Сталине, ки бино ба овозаҳо, касе агар ба сураташ беҳурматӣ кунад, беному нишон гум шуда мерафт, ба ҳурмати ҳунари Акашариф аз ҷои нишастааш хест, ва каф кӯфт.

Ва ҳамаи толор ба по хест ва каф кӯфт. Ва маъмурони консерт шарташонро риоя накарданд, - ҳар як артист бояд 1 суруд мехонд, ва 3 дақиқа вақт дошт, вале ба Акашариф имкон доданд, ки 4 суруд хонад, ва 12 дақиқа вақтро гирад.

Ҳукумати маркази ва ҳукумати ҷумҳурӣ, хидматҳои Акашарифро қадр карданд, - ба ӯ Ордени нишони фахрӣ ва унвони Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистонро лоиқ донистанд. Ва фармони ҳукумати марказӣ шуд, ки Акашариф ва фарзандонаш, бо самолёт дар баъзе шаҳрҳои СССР саёҳат бикунанд. Аммо ҷанг монеъ гардид.

Китобати Фахриддин Шоев,

омӯзгор,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter