Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию бунёдкорӣ аз ҷумла таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад. Ин навбат масъулин иқдом гирифтанд, ки роҳҳои дохилии беморхонаи марказиро пурра асфалтпӯш намоянд ва корҳои бунёдкорӣ алакай оғоз шудаанд. Инчунин, имруз бо ташаббуси ҳукумати ноҳия ва ҷалби соҳибкорони ватандуст дар маркази шаҳраки Фархор дар масофаи зиёда аз 2 километр бо паҳноии 11 метр роҳҳои дохилӣ асфалтпуш шуда, айни ҳол корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар деҳаи навбунёди мавзеи Уртабузи ноҳияи Фархор низ дар доираи вусъати тадбирҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ватандӯсти ноҳия роҳи аҳамияти ҳудуди деҳа то шоҳроҳи асосӣ пурра асфалтпуш шуда истодааст.
Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Вализода Зариф Назирӣ, раиси ноҳия иброз дошт, дар ҳудуди Фархор 411,2 километр масофати умумиро роҳҳои автомобилгард ташкил дода, 315,8 километри онҳо роҳи аҳамияти маҳаллӣ мебошад.
- Барои таҳкими вазъи инфрасохтори деҳот дар қатори бунёди иншооти нави таъиноташон гуногун, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд қисматҳои харобгаштаи роҳҳои маҳаллӣ ва байни деҳот пурра навсозӣ карда шавад. Роҳи аҳамияти маҳаллидоштаи мавзеи Уртабуз дар ҳудуди деҳа бо паҳноии 3,5 метр ва то шоҳроҳи асосӣ бошад дар масофаи зиёда аз 1 километр бо паҳноии аз 5 то7 метр асфалтпуш карда мешавад. Дар ноҳияи Фархор дар давоми 3 соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳот дар масофаи қариб 20 километр роҳ асфалтпӯш ва зиёда аз 45 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ сангфарш карда шудааст, - гуфт раис ноҳияи Фархор.
Ҷ.Мақсуд,
СССР