ХАБАРИ ДОҒ

Ҳамадонӣ: 31 сол аст об надорем…

  • Чоршанбе, Нояб 23 2022

 

Салом ба СССР-и азиз! Мо сокинони деҳаи Сайроб 31 сол аст, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашем. Қубурҳои обгузар солҳои 1960-и асри гузашта кашида шуда, муҳлати истифодаашон кайҳо гузаштааст. Ягон соҳибкор ё ҷавонмарди ватандӯст пайдо намешавад, ки ин мушкилро ҳал кунад. Дар бораи норасоии оби нӯшокӣ борҳо ба масъулини ноҳия арз карда будем, вале бенатиҷа. Ба умед будем, ки он дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро меёбад, вале наёфт, аз мадди назар дур монд, ё фаромӯш шуд, намедонем.

Имрӯз дар асри 21 сокинони деҳаи мо оби нӯшокиро аз чандин километр дур бо аробаю дучарха мекашонанд, ки бояд ба масъулини ноҳия айб бошад. Шояд ин мушкилро дар чаҳорчӯбаи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мекунанд!?

Бозоралӣ Сабуров,

д.Сайроби, ҷамоати Панҷоб,

н.Ҳамадонӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter