Дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд лоиҳаҳои беш аз 100 иншооти гуногун ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ш.Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муаррифӣ карда шуд.
Тавре дар суҳбат бо мухбири газетаи СССР Фирдавс Шарифзода таъкид дошт, сохтмони ин биноҳои зебо ҳанӯз оғоз наёфтааст ва шаҳрдории Хуҷанд аз соҳибкорону шахсони саховатпеша ва хоҳишмандон даъват ба амал менамояд, ки дар сохтмони ин иншооти наву муосир ва муҳимтар аз ҳама дар асоси Нақшаи генералии ш.Хуҷанд тарҳрезӣ шуда ширкат варзанду дар бунёди Хуҷанди муосир саҳмгузор бошанд.
Лоиҳаҳои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, варзишӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ асосан дар кӯчаву хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сирдарё, Гагарин ва Истиқлол бунёд шуда, масъулини шаҳрсозӣ, ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ ва ба инобат гирифтану сохтани он бо зеббахшии санъати меъмории миллӣ муваззаф шудаанд.
Тарҳи биноҳо аз даромади шаҳр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ мутобиқ ба нақшаи генералӣ тартиб дода шудаааст, аз ҷумла дар мавзеи варзишгоҳи «Спартак» нақшаи муфассали ҷойгиршавии 21 адад биноҳои 16 ошёна бо назардошти муассисаҳои таълимӣ, фарҳангию тафреҳӣ воқеъ аст. Аз буриши кӯчаҳои Шарқу Гагарин ва буриши кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ ва Гагарин нақшаи муфассали бунёди силсиламаҷмааи ширкати ватании «Элит сохтмон» муаррифӣ карда шуд, ки бо тарҳи муосир ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар к.Сирдарёи ш.Хуҷанд силсилаи биноҳои баландошёнаи замонавӣ, иншооти варзишӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои савдою тиҷорат сохта мешавад. Ҳамчунин лоиҳаҳои якчанд муассисаҳои маориф, аз ҷумла мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоишон кам ба нақша гирифта шуда, дар қаламрави сохтмони иншооти нав васеъкунии роҳу ободонии худи қаламрав, чароғонкунии кӯча, кабудизоркунии муҳити атроф ва назардошти талаботи шабакаҳои коммуналӣ низ мавриди назар аст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ намудани иқдоми мазкурро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки сохтмони тамоми иншоот дар муҳлати муайяншуда бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида мешавад.