ХАБАРИ ДОҒ

СССР дӯсти шумост, вале аз он суистифода накунед!

  • Чоршанбе, Дек 07 2022

 

Вокуниши фаврӣ ба шикоят

Дар шумораи №47 аз 24.11.2022 ҳафтаномаи СССР муроҷиати телефонии корманди китобхонаи осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” Зайнаб Тураева нашр шуда буд.  

Номбурда бо ишора ба маъюб будани худаш ва шавҳараш иддао кардааст, ки “3 моҳ боз корти махсуси толлингие, барои гузаштан аз плазаҳои ширкати “IRS” дорем, кор намекунад. Барои тамдиди корт ба чанд ҷо муроҷиат кардам, вале касе аҳамият намедиҳад”.

Бо супориши Директори филиали Ширкат Нодирҷон Сафаров муроҷиати мазкур фавран мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маълум гардид, ки дар филиали Ширкат бо номи Зайнаб Тураева умуман корт ба қайд гирифта нашудааст. Бо мақсади мушаххас намудани намудани масъала кормандони мо тавассути телефони дар ҳафтанома дарҷшуда – 934011884 бо номбурда тамос гирифтанд.

Муроҷиаткунанда эътироф кард, ки чунин корт надорад ва манзури ӯ корти аз ҷониби “IRS” ба Изатулло Джумаев додашуда мебошад. Мутахассисони мо бо далелҳои раднопазир собит намуданд, ки воқеан ҳам, Изатулло Джумаев барои тамдид намудани муҳлати истифодаи корт ба филиали Ширкат муроҷиат намуда буд. Вале ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо маълум мегардад, ки аз тарафи ӯ маълумотномаи ҷойи зист нодуруст пешниҳод шудааст. Аз ин лиҳоз масъулин тавсия медиҳанд, ки камбудии зикршударо ислоҳ кунад. 29 октябри соли равон номбурда он маълумотномаро баъд аз ислоҳ пешниҳод мекунад. Дар муддати бениҳоят кӯтоҳ кормандони мо дар ин бобат шартнома тартиб дода, 2 ҳафта инҷониб интизоранд, ки шаҳрванд Джумаев Изатулло онро имзо кунад.

Таъкид менамоем, ки ягон муроҷиат аз мадди назари роҳбарияти “IRS” дур намемонад, вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки шаҳрвандон ҳангоми муроҷиат моҳияти масъаларо таҳриф намоянд.

Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат - 487011020 низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро пешниҳод намояд.

Маркази матбуоти ширкати «IRS» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Аз идора:

СССР дӯсти шумост, аммо…

Хонандагони азиз! Газетаи мардумии СССР тӯли 15 соли фаъолият дӯсти азизи ҳар яки Шумо буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мо ҳамеша барои гӯш намудани арзу шикоят ва пешниҳодоти шумо омодаем, саъй мекунем ба мушкилоту проблемаҳои шумо расидагӣ намоем. Қазияи охир ва вокуниши фаврии маркази матбуоти ширкати «IRS» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба арзи шаҳрванд бори дигар исбот намуд, ки гоҳо хонандагони мо аз газетаи СССР суистифода намуда, ҳақиқати воқеиро бароямон намегӯянд.

Боз 1 мисоли дигар занги телефонии шаҳрванд Ҳафиз Асламов аст, ки дар бораи пулхӯрии ширкати «Вавилон-Мобайл» шикоят карда буд. Вавилон маълум кард, ки ин нафар моро фиреб додааст ва дурӯғ навиштааст.  Пас аз ошкор шудани ҳақиқати кор ӯ дигар гӯширо намебардорад, телефонаш хомӯш аст…

Дӯстони азиз! Аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР ба ҳар яки Шумо эҳтиром мегузорад, вале шумо низ моро эҳтиром кунед, фиреб накунеду дурӯғ нагӯед ва дар ҳолати ноҳинҷор нагузоред! Умри дурӯғ кӯтоҳ аст, пас аз нашри газета ҳатман рӯи об мебарояд. Бо ҳар касе, ки дурӯғ мегӯяд, минбаъд мо низ алоқаро қатъ хоҳем кард.

Бо мо бошед, зеро Мо метавонем!

 СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter