Суръатафзоӣ сабабгори садамаи нақлиётӣ
28.11.2022. Соат ба вақти Душанбе 13:10 дақиқа. Ронандаи автомашинаи тамғаи "Киа-Рио" рақамҳои қайди давлатиаш 7280ТТ05, Ҳалимов Хуршед Идибекович, дар натиҷаи бо суръати баланд дар болои купруки хиёбони И.Сомонӣ ҳаракат намудан, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанини канори чапи роҳ бармехӯрад. Дар натиҷа, панҷара шикаста, ба оинаҳои тарафи чапи автобуси мусофирбар, рақамҳои қайди давлатиаш 1251ТТ09, ки аз таги пул ҳаракат мекард, бархӯрда, ба нақлиёти мазкур зарари техникӣ расонида шуд. Ҳамзамон воситаи нақлиёти тамғаи "Киа-Рио" низ аз баландии 6,35 метр бо қисми пеш ба роҳи автомобилгарди кӯчаи Н.Ганҷавӣ сарозер мегардад.
Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе хабар доданд, дар натиҷаи садамаи мазкур танҳо 1 нафар мусофири дохили автомашинаи тамғаи "Киа-Рио", ҷавондухтари 18-солаи сокини ш.Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд.
Пас аз ин қазия Шуъбаи БДА дар ш.Душанбе ба санҷиши техникии таксиҳои дар пойтахт фаъол оғоз намуда, дар баробари ин ба соли барориши таксиҳо низ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кард. Зеро тибқи овозаҳо соли барориши таксии сарозершуда кӯҳна, то соли 2016 буда, автомашина аз лиҳози техникӣ низ мушкили зиёд дошт. Ин гуна санҷишҳои БДА боиси сар задани овозаҳои гуногун, амсоли аз хатсайрҳо баровардан ва қатъи фаъолияти автомашинаҳоли таксии соли бароришашон то 2016 гашт.
БДА: кандани рақамҳо ба хотири камбудист
Тавре Бахтиёр Вайсзода, сардори Шуъбаи БДА дар ш.Душанбе изҳор дошт, овозаҳо дар мавриди фаъолияти таксиҳои соли бароришашон то 2016 асоси воқеӣ надорад. Шуъбаи БДВ РВКД ҶТ дар ш.Душанбе ҳамасола чорабиниҳои мақсаднок, ба монанди «Амалиёти пиёдагард», «Амалиёти истгоҳ», «Автобус» ва чанде дигарро ба хотири баланд бардоштани интизом, ҳолати техникӣ, баррасии сатҳи омодагии мошинҳои хурди мусофиркашонӣ ба давраи зимистон гузаронида, рақамҳои нақлиёте, ки гирифта мешаванд, баъд аз ислоҳи камбудӣ аз ҷониби ронандагон, ба онҳо баргардонида хоҳанд шуд.
Гунаҳкор ширкатҳоянд!
Бояд гуфт, ки имрӯз дар 12 ҷамъияти хурди мусофирбар 3600 квота муқаррар шудааст. Аммо ин ширкатҳо бинобар афзоиши ҳудуди ш.Душанбе аз ҳисоби ноҳияҳои атрофи он 500 адад мошини дигарро барои хизматрасонӣ зам кардаанд. Яъне, теъдод ба 4100 адад расида, шумораи нақлиёти хурди мусофиркашонӣ зиёда аз 6000 ададро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи аз ҷониби ширкатҳо худсарона зиёд кардани квота барои хизматрасонӣ ба танбашавӣ ва халалдорёбии кори автобусу троллейбусҳо дар истгоҳҳо оварда расонидааст.
То нашри шумора касе аз раҳбарони ширкатҳои хизматрасонии таксӣ дар пойтахт ҳозир нашуд бо мухбири мо дар бораи худсарона афзоиш додани квота барои хизматрасонӣ суҳбат кунад. Албатта, ин ҷо манфиатҳои пулӣ нақши муҳим бозида, бо мурури замон ба қавле аксари «тангемщикҳо» таксирон шудаанду бо ҳамин сифати хизматрасонии таксӣ, ки хеле хуб буд, ба сатҳи поинтарин фаромад.
Таксиҳо гузаронданд
Воқеан ҳам дар 1 соли ахир шумораи таксиҳои зард дар ш.Душанбе ба маротиб афзуда, маҳз таксиҳо сабабгори асосии тамбашавии воситаҳои нақлиёт шуданд. Ронандагони мошинҳои таксӣ гоҳо сарҳуёна ҳаракату равуо карда, дар муносибат бо мусофир ва муштарӣ ба дағалрафторӣ роҳ дода, бештар сабабгори вайрон шудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мегарданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ шикоят аз фаъолияти нодуруст, рафтору гуфтори бадахлоқонаи ронандаҳои таксиҳои пойтахт хеле зиёд ба на назар мерасад. Кор то он дараҷа рафт, ки ронандаҳои таксӣ ба муштариёне, ки фармоиш медоданд, СМС-ҳақоратҳо низ ирсол мекардагӣ шуданд.
Реҷа нест!
Бино ба гуфти Бахтиёр Вайсзода, сардори Шуъбаи БДА ш.Душанбе, ширкатҳои таксӣ бояд реҷаи корӣ дошта бошанд. Яъне қисмати реҷаи рӯзона ва шабона. Қабл аз шурӯъ кардан ба кор бояд ҳолати рӯҳиву равонии ронандагон санҷида шавад. Ҳамин аст, ки бинобар сабабҳои болозикр дар 11 моҳи соли равон бо иштироки нақлиёти мусофиркашон 47 ҳодисаи нохуши роҳу нақлиётӣ ба амал омадаанд, ки дар натиҷа 7 нафар ҳалок ва 40 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
3333 тамоман фалаҷ шудааст!!!
Ширкати маъруфтарини 3333, ки гуфта мешавад дар сархатти хизматрасонии таксӣ қарор дошт, имрӯзҳо комилан фалаҷ шудааст. Агар шумо ба ширкати 3333 ё 1111 занг мезанеду фармоиш қабул мегардад, таксиҳо аз сари роҳ мусофир гирифтаву ҳозир намешаванд. Ширкатҳо бошанд, ба занги такрории шумо тариқи «авто-ҷавобгӯяк» мегӯянд, ки назди Шумо дигар таксӣ меояд. Ва ҳамин гап такрору ба такрор. Махсусан дар соатҳои час/пик. Гуфта мешавад, агар таксиҳо дар час/пик наоянд, пас кай лозиманд?
Бояд сохторҳои марбута маҳз ширкатҳои 3333, 1111, 888, 444, 1616, 8989, 6161, 2525, 7000...-ро тафтиш кунанд, на таксиҳову ронандагонро. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!
Ҷ.Ҳусейнова, СССР