Аксарияти миллатҳои ҷаҳон шакли ягонаи фамилиясозӣ доранд. Масалан, арманҳо бо пасванди –ян», грузинҳо бо пасванди –адзе» ва «-вили», Арабҳо бо таркибҳои «ибни» ва «бинти», русҳо бо пасвандҳои «ов (ев)», -ова (ева)»… фамилия месозанд. Мо аз ҳад зиёд доноем, зиёда аз 16 намуди фамилиясозӣ дорем. 1 намунааш Хол Мусофир Акрам. Кадом ном номи шаҳрванд асту кадом насаб? Мо пешниҳод менамоем, ки 1 ё 3 намуди фамилиясозӣ ҷорӣ карда шавад. Бо шакли анъанавӣ, мисли Рустами Эмомалӣ, Саидаи Зокир, Бахтиёри Шокир, Ҳасан пури Самад, Нигора духти Нодир. Ё бо ин шакл: Ҳасани Самадпур, Нигораи Нодирдухт. Шакли дуюмаш мақбултар аст. Агар номи бобо ё аҷдод илова карда шавад, ба ин шакл нависанд: писарҳо-Акбари Нодир Ашрафзод, духтарҳо – Гулнози Акбари Сафарзода.
Ғайр аз ин, дар «Имло» омадааст, ки дар забони тоҷикӣ пасвандҳои ифодакунандаи ҷинсият вуҷуд надорад, аз ин рӯ, минбаъд муаллима –муаллим, котиба-котиб, толиба-талаба, шоира – шоир…- хонда, талаффуз карда шаванд. Дуруст аст, ки дар забони тоҷикӣ ҷинсият ба воситаи калимаҳо ифода меёбанд. Писар-духтар, зан-мард, модагов-наргов, хурӯс-мокиён… лекин калимаҳои ҷинсиятро ифода мекардагии шоира, котиба, муаллима… калимаи арабианд.
Мо ҳуқуқу тағйир додани онҳоро надорем. Рафту ба куллӣ тағйирот ворид кунем аз як тараф дар назди ҳамзабонони хориҷиамон хандахариш мегардем, аз тарафи дигар 1000-ҳо нафар зану духтарон бояд шаҳодатномаю шиносномаҳояшонро иваз кунанд. Акнун Ҳалима нею Ҳалим хондан даркор. Салима-Салим, Шоира-Шоир, Нодира-Нодир, Зарифа-Зариф, Карима-Карим… хондану гуфтан лозим.
Ҳаким Ғуломов,
н.Дӯстӣ