ХАБАРИ ДОҒ

Рузи Ҷумҳурии Ҳиндустон тантанавор таҷлил гардид

  • Сешанбе, Янв 31 2023

  

 26 сентябри соли равон аҳли башарият солгарди Рузи  Ҷумҳурии Ҳиндустонро тантанавор таҷлил намуданд. Иди асосии миллӣ дар Деҳлӣ бо ҳамоиши  калони ҳарбӣ кайд карда шуд. Муваффакиятҳое, ки Хиндустон дар сохахои иктисодӣ, иҷтимоӣ, илмию техникй ва дигар сохахо ба даст овардааст, ба хамаи башрияти олам хидмат мекунад.    Ҳинудстон дар таъмини суботу амнияти байналмилалӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикстон барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро дар тамоми соҳаҳо таъмин намудааст. Ин бешубҳа ба манфиатҳои куллии халкхои Ҳиндустон ва Тоҷикистон мувофик аст. Рӯзи Ҷумҳурӣ дар Ҳиндустон дар солгарди эътибор пайдо кардани конститутсия, ки пас аз чанд соли истиқлол аз Бритониё қабул шудааст, таҷлил мешавад.


Имсол аз ҳамкориҳои судманди  Тоҷикистону Ҳиндустон 30 сол пур шуд. Дар шаҳри Душанбе ва Деҳлӣ дар ин маврид ҳамоишҳо ва  конфронсҳо байналмилалӣ бахшида ба  30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикстон зери унвони “Рушди муносибатҳои Ҳиндустону Осиёи Марказӣ: миқёс ва доира” баргузор гардид, ки дар он намояндагони воломақоми вазорати корҳои хориҷии кишвар, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҳиндустон, коршиносон аз Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, собиқ сафирони Ҳиндустон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, олимон ва мутахассисон иштирок намуда, роҷеъ ба масъалаҳои амниятӣ, пайвастшавӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, тиҷорат, энергетика, фарҳанг ва тамоси байни одамон андешаронӣ ва табодули назар  намуданд.

 26 январи соли рапвон  ба ин муносибат дар саҳни Сафоарти Ҳиндустон дар Душанбе маросими барафрохтани Парчами Ҳинудстон доир гардид.Дар маросим Сафири мухтор ва фавқуллодаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вирдж Сингх меҳмонону намояндагони  сохторҳои димломатиро шодбош гуфт.Сипас дар Кохи фарҳанги Сафорат консерти идона доир гардид.Сафири  Ҳиндустон аз дурнамо ва самтҳои нави ҳамкорӣ муфассал гузориш дод.

 Сафорати Ҳиндустон 28 январ ба ин муносибат ба аҳли зиёин,намояндагони дипломатӣ,намояндаоги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҷамъиятҳои Дустии Ҳиндустону Тоҷикистон зиёфати идона орост.Дар тантана Сафри Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вирдж Сингх  зикр намуд,ки муваффакиятхое, ки Хиндустон дар сохахои иктисодй, иҷтимоӣ, илмию техникй ва дигар сохахо ба даст овардааст, ба хама маълум аст. “Кишвари мо дар таъмини суботу амнияти байналмилалӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад.Мо ба муносибатҳои шарикии стратегии имтиёзноки байни давлатҳоямон аҳамияти хоса медиҳем. Итминон дорам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро дар тамоми соҳаҳо таъмин хоҳем кард. Ин бешубха ба манфиатхои куллии халкхои Тоҷикистону Хиндустон мувофик аст. Намоянади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Ҷумъа паёми табрикотӣ ва таманиёти Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба съами умум расонд.

                                                    

     Наҷмиддин Шоҳинбодов

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter