Хонандагони мо хеле зиёд занг зада, дар бораи сафари худ ба кишвари ҳамсоя ва боздид аз шаҳрҳои Тошканду Самарқанду Бухоро нақл мекунанд. Пас аз сафари Маккаву Мадинаи устод Сайёфи Мизроб, тасмим гирифтем сӯи шаҳри Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳ пеш бигирем ва бо чашми худ бубинем, ки Тошканд, дар замони советӣ шаҳри калонтарини Осиёи Миёна имрӯз чӣ гуна рушду пешрафт дорад. Рафтем!
Коллапси фурудгоҳӣ
27.01.2023. Соат бо вақти Тошканд 10:50 дақиқа. Фосилаи парвоз аз Душанбе ба Тошканд 45 дақиқа аст. Бо расидан ба фурудгоҳи байналмилалии ш.Тошканд ба номи Ислом Каримов дидем, ки барфи зиёд ва сардиҳои ахир ба фаолияти ин фурудгоҳ низ асар кардааст.
Мардуми мо дар бораи сард будани фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд, Кӯлобу Бохтар, саривақт наомадани бору бағоҷ, таъхири парвозҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд менависанд, вале набояд фаромӯш кард, ки дар чанд рӯзи сарду пурбарфи моҳи январ фаолияти бузургтарин фурудгоҳҳои минтақаи Аврупо, Амрико ва Осиё аз кор монданд, аз ҷумла фурудгоҳи ш.Тошканд низ рӯзҳои 11 ва 12 январ қариб, ки натавонист ягон рейсро пешвозу гусел намояд. Вале новобаста аз ин вазъият фурудгоҳи пойтахти мо – шаҳри Душанбе ба қабули хатсайрҳо кушода буд.
27.01.2023. Соат бо вақти Тошканд 11:20 дақиқа. Аз марз гузаштему ба толори интизории бору бағоҷ гузаштем. Наздики 40 дақиқа дар толори сард интизор шудем. Масъулон аввал моро ба хати 1-ум равон карданд, пасон эълон намуданд, ки бору бағоҷи рейси Душанбе дар хати 2-юм аст. Ҷомадон билохира омаду онро гирифта, ба шаҳр баромадем.
Тошканди наву кӯҳна
27.01.2023. Соат бо вақти Тошканд 14:15 дақиқа. Пас аз ҷой гирифтан дар меҳмонхона, ба сайри шаҳр баромадам. Маротибаи охир ман ба ш.Тошканд 7 сол пеш сафар карда будам ва агар гӯям, ки тӯли ин 7 соли ахир шаҳр қариб, ки иваз нашудааст, хато намешавад. Танҳо ҷо-ҷойе ба ҷои биноҳои кӯҳна биноҳои баландошёна ба тозагӣ қад кашида истодаанд – бунёди Тошканди нав акнун шуруъ мешавад.
Дар ин муддат бинои кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Дастгоҳи иҷроияи он ва бинои Ҳукумати ш.Тошканд дигар шуда, раҳбарияти кунунӣ ҳоло дар қасру биноҳои нав фаолият доранд.
Дар қиёс ш.Душанбеи азизи мо назар ба ш.Тошканд дар сохтмону таҷдид ва тарҳи биноҳои наву муҳимтар аз ҳама рӯшноӣ хеле пешрафтатар ба назар намуд.
Дар муқоиса боз ба ҳамон 7 соли пеш имрӯз дар кӯчаҳои шаҳри Тошканд милиса хеле кам буда, мардум низ озодтаранд, бо меҳмонону сайёҳон роҳаттар суҳбат мекунанд, аксгирӣ ва селфӣ кардан ҳам роҳат шудааст. Имрӯз сайёҳ метавонад дилхоҳ бинои маъмуриву фарҳангиро ба ҳузур акс бигирад, қаблан ин кор, дар даврони Каримов басо мушкил буду кашокашҳои пулисиву амниятӣ дошт.
Лаҳҷаи тоҷикиро низ дар бозору нақлиёти истифодаи умум шунидан мумкин аст, ки хеле гуворост. Дар овони Каримов тоҷикӣ мамнуъ буд...
Мушкили барқу газу гармӣ…
Зимни сафар бо ҳар нафаре, ки сӯҳбат мекардем, сар аз ронандаи таксиву меҳмондори ҳотелу фурӯшандаи меваю сабзавот... ҳама аз камбуди барқу газу гармӣ шикоят менамуданд. Воқеан ҳам рӯзҳои сарду пурбарфи 11-13 январи соли ҷорӣ агар гӯем, ки ш.Тошканд пурра бе барқу газу гармӣ монд, хато намешавад. Ронандаи таксии мо гуфт, ки чунин сардии бесобиқаро соли 2008 дар ёд дошта, он сол ҳам Тошканд аз гармиву рӯшанӣ мушкил дошт. Тайи рӯзҳои сарди ахир тамомии марказҳои фурӯшу савдо баста шуда, ба хотири сарфаҷӯӣ аз нерӯи барқ то ба ҳол дар аксарияти идораву сохтору корхонаҳо лимити барқ ва эко-экономияи он ҷорӣ аст. Ин аст, ки шому шаб Тошканд ба назарам сарду торик намуд, на шукӯҳ дошту на ҷаззобият.
Чизи дигаре, ки ҳоло ҳам ҳалли худро наёфтааст ин дастрасӣ ба гази моеъ ва маводи сӯхт мебошад. Анбӯҳи мошинҳо дар назди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ то 2-3 км дар навбатанд, хосатан мо ин вазъро дар роҳи Тошканд-Пискент-Бука-Зафар-марзи Тоҷикистон дидем. Ва ин дар ҳоле, ки Узбекистон конҳои бузурги газу нафт дорад!!!
Хушбахтона, дар кишвари мо вазъ то ин ҳад бад нест ва новобаста аз сардиҳо сокинони кишвар ба барқ дастрасӣ доштанд! Хоса, дар ш.Душанбе боре нашуда буд, ки барқ қатъ гашта бошад, баракс ҳама ҷо равшан буд. Ва агар ҷойе қатъу васл мешуд, мо худамон сабабгори он садамаҳо будем ва мушкил тӯли 1 соат рафъ мегашт. Ман ҷойе надидам ё нахондам, ки сокинони ш.Тошканд аз ин вазъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯру мағал бардошта бошанд, баръакс аз рӯи фаҳмиш мушкилро дарк намуда, қаноат карданд. Дар мо мутаассуф чунин нест, ки нест...
Тошканд – шаҳри нон
Тошканд дар даврони советӣ калонтарин шаҳри Осиёи Миёна буда, дар замони ҶБВ мардуми зиёдро аз дигар гӯшаву канори СССР қабул мекард. Он замон мегуфтанд «Ташкент – город хлеба». Имрӯз низ чунин аст, бозору мағозаву фурӯшгоҳҳо пур аз нони ширмолу ҷаззадору фатиру қалама асту сари ҳар қадам оши палаву самса (самбӯса), шашлику норину табакаи тошкандӣ, ки таъми хосае доранд, алалхусус оши палави дар равғани зайтун пухта шуда, хеле бомазза аст.
Дар баробари ошхонаҳои миллӣ, тарабхонаҳои хориҷӣ низ ба маротиб афзудаанд, дар байни оҳо бештар аз ҳама тарабхонаҳои туркиву арабӣ ва итолиёӣ шӯҳрати бештар доранд. Марказҳои калони савдо ҳам доранд, амсоли «Самарқанд дарвоза», «Компас», вале ба назари ман онҳо он шукуҳу шаҳомат ва нозу неъмати «Пайкар»-у «Ёвар»-и моро надоранд!!! Шояд баъзеҳо наметавонанд ба ин розӣ бошанд, вале ин он чизе ҳаст, ки ман дидаму эҳсос кардам.
Ман миллионерам!
27.01.2023. Рӯзе, ки ман миллионреша шудам, мардум, миллионерша!!!
Дигар чизе, ки меҳмони омадаро дар шигифт мемонад, ин қурби хеле пасти пули миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. 100 долари амрикоӣ ҳудудан 1 миллиону 200 ҳазор сӯми ӯзбекист, яъне ҳар 1 сокини Ӯзбекистон миллионер аст! Аз он ҷумла ман ҳам бо иваз намудани 100 доллари ИМА дар ин кишвар миллионер шудам! Дар худамон бошад ин маблағ аз 1000 сомонӣ каме болост…
Вақте аз дӯстони ӯзбекам пурсидам, ки чаро онҳо намехоҳанд, ин мушкилро бо гирифтани 2-3 сифр аз пули миллӣ осонтар кунанд, гуфтанд,мо ба пули хурд одат накардаем, бо миллион хариду фурӯш кардан осонтар аст!
Марз...
28.01.2023. Соат бо вақти Душанбе 14:35 дақиқа. Аз ш.Тошканд озими гузаргоҳи марзии Ойбек – Фотеҳобод шудем. Ғайричашмдошт аз марзи 2 давлат хеле орому роҳат, бе ягон санҷиши ҷиддӣ гузаштем. Марзбонони ӯзбек хеле боэҳтиром буданд – 7 сол пеш чунин бархӯрдро интизор доштан ғайриимкон буд!!! Дар овони краимовӣ ба ҳама гургона менигаристанд. Вале имрӯз ҷомадони маро бардошта, «Хуш келибсиз!»- гуфта, то марзи Тоҷикистони азиз оварда монданд. Касе напурсид, ки чӣ дориву чӣ кор мекунӣ!
Дар сарҳади давлатии Тоҷикистон низ марзбонону кормандони дидбонгоҳи гумрукӣ хеле боэҳтиром пешвоз гирифтанд. Дар муддати 25 дақиқа марзро убур карда, ба Ватан расидем.
Шукр! Шукр, ки ба ин рӯзҳо ҳам расидем ва сипос аз Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев, сарварони 2 кишвар, ки дари марзро ба мардум боз кардаанд! Равед ва бо чашми сар ин ҳамаро бинед, ки гуфтаанд:
-Шунидан кай бувад монанди дидан!!!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
Душанбе-Тошканд-Душанбе,
27-28.01.2023