Мо кормандони эҷодӣ ба хотири ошноӣ пайдо намудан бо вазъи хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳоти дур аз марказ ба ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш роҳ пеш гирифтем. Чашмамон ба беморхонаи №3 афтоду аз даромадгоҳ маълум шуд, ки ин беморхона танҳо бо ном фаолият мекардаасту халос.
Аз навиштаҳои болои дарвоза ва парчамҳои фарсуда табъи кас хира мегардад. Маълумамон гашт, ки дар 1 мавзеъ ҳам КАТС ва ҳам маркази саломатӣ фаолият мебурдаанд. Беморхона аз 3 шӯъба иборат буда, ба гуфти масъулони ин табобатгоҳ дорои шароити оддитарин ҳам надорад. Фасли сармо ин дармонгоҳ на асбобҳои гармидиҳиро дидаасту на бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз аст. Аз болои боми дорухона, ки симояш ба дорухонаҳои солҳои баъди ҶБВ шабоҳат дорад, об мечакад. Деворҳояш кайҳо кӯҳна шудааст. Ҳолат садамавист.
Шуъбаҳои дармонгоҳ сарданду 1 ё 2 беморе, ки бистарианд бо либосҳои зимистона муолиҷа мегиранд. Роҳбарияти беморхона иброз доштанд, ки саҳни беморхонаро бо иқдоми соҳибкори ватание каме асфалтпӯш менамуданд, вале дере нагузашта ин кори онҳо ҳам қатъ гашт.
Карим Валиев, роҳбари КАТС, ки аз фаъолияташ 8 моҳ сипарӣ гаштааст, аз набудани кадрҳои соҳа ва шароити пасттарини табобат ёдовар шуда, афзуд, ки дар чунин ҳолат муолиҷа кардани беморон амри маҳол аст.
Барои оддитарин табобат мардуми деҳот роҳ мегиранд сӯи маркази шаҳр ва умед мебанданд, ки он ҷо табобат меёбанду саломатиашонро барқарор мекунанд. Вале агар мо сатҳи хизматрасонии тиббиро дар беморхонаҳои дур аз марказ хубтару беҳтар ба роҳ монем ин барои мардуми деҳот аз ҳар ҷиҳат манфиат меорад.
Мо аллакай омодагиҳоро ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шаҳру ноҳияи кишварамон дида истодаем. Оё Раёсати тандурустии вилояти Хатлон аз чунин дармонгоҳҳо бохабар бошанд?
Н.Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон
Аз редаксия: Тавре дар нишасти ахири матбуотии хеш, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, таъмиру азнавсозии беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бояд аз ҳисоби Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат анҷом дода шавад. Яъне муввазаф ҳукуматҳои маҳаллианд, на раёсатҳои тандурустӣ дар музофот! Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!