ХАБАРИ ДОҒ

Файзобод: пеши сагҳои дайдуро кӣ мегирад?

  • Чоршанбе, Фев 15 2023

Рӯзҳои якшанбе дар бозори «Истиқлолият»-и шаҳраки 30- солагии Истиқлолияти н.Файзобод бозор барпо мегардад ва аз дилхоҳ гӯшаю канори мамлакат соҳибкорону деҳқонон, тоҷирон маҳсулоташонро вориди ин бозор мекунанд. Аммо ба ҷои онҳо сагҳои дайду бозорро иҷора гирифтаанду ба маънои томаш сагбозор барпо кардаанд. Агар бовар надошта бошед, 1 сари қадам ба бозор қадам ранҷа кунед. Бозори сагҳои дайдуро бо чашмони саратон мебинеду боварӣ ҳосил мекунед.

Илова бар ин боз 1 гурӯҳ кадбонуҳо дар ҳавои кушод ошхонаи шахсӣ барпо кардаанд, ки бар хилофи талабот аст. Онҳо на иҷозатномаю на дафтарчаи санитарӣ доранд, на хилъати кориро ба бар мекунанд. Ҳамин, ки таом тайёр шуд, сагҳои дайду бӯйкашон ба назди онҳо ҷамъ мешаванд.

Ҳамчунин дар деҳаҳои Заркамар, Сарой, Фатҳобод, Обшорон теъдоди сагҳои дайду афзоиш ёфта, мардумро ба дод овардаанд. Азбаски моҳи январ хунукии шадид ба амал омад, сагҳои дайдуи дар ҳолати гуруснагӣ қарор гирифта, ба одамон низ ҳуҷум мекунанд. Агар пеши роҳи сагҳои дайдуро нагирем, онҳо афзоиш ёфта, ба чорвою одамон низ зарар мерасонанд...

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter