ХАБАРИ ДОҒ

Қадрдонии журналистони Бадахшон

  • Душанбе, Май 16 2016

Дар доираи сафари корвони журналистони ҷумҳурӣ ба Бадахшон аз тарафи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон як гурӯҳи журналистони вилоят ва собиқадорони соҳа қадрдонӣ шуданд.

Тақдими мукофот дар ҳузури гурӯхи синафараи журналистони кишвар, ки аз расонаҳои мухталифи ҷумҳурӣ намояндагӣ мекарданд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва намояндагони ҷомеаи журналистии вилоят сурат гирифт. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, ки давоми панҷ рӯз корвони журналистони тоҷик бо вазъи рӯзгори мардуми вилоят ошно гардида, дар мизи мудаввари оид ба мавзӯи «Нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ» иштирок намуданд. Дар рӯзи охири сафари корвон бо ҳузури раиси вилоят Шодихони Ҷашед ба 6 нафар собиқадорони соҳа мукофоти пулӣ ва ба 10 нафар журналистони фаъоли вилоят Ифтихорномаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тақдим гардид. Ба андешаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бахши вилоятии иттифоқ фаъолияти худро тавсеа бахшида, минбаъд барои истифодаи тавонмандии ҷомеаи журналистии вилоят силсилаи тадбирҳоро ба нақша гирифтааст. Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 14 май корвони журналистони Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор  дошта, бо омодагии иншооти ҷашнӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва зиндагии мардум дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бевосита ошноӣ пайдо карданд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter