ХАБАРИ ДОҒ

Бидуни ғараз

Ҳоҷӣ ту нестӣ, шутур аст, аз барои он-к

Бечора хор мехӯраду бор мебарад!!!

                                                                   Саъдӣ

3.12.2011. Соат бо вақти Душанбе 11:34 дақиқа. Ноҳияи Қубодиён, колхози ба номи Э.Телман, участкаи ба номи К.Е.Ворошилов.

Ҳамроҳ бо акаам Темур, хонаи тағоям-Турдимурод, ки 4 рӯз пеш аз тавофи Каъба баргаштааст, ҳоҷибинон рафтем. Чун ҳоҷиро зиёрат кардем, моро сари 1 пиёла чой бихонд. Шиштем, гуфтему шунидем. Дар омади гап соҳибхона маро пурсид: «Ту, ки аз олами интернету навгонии рӯз хабар дорӣ, гап зан, вазъи эмигрантҳои Тоҷик дар Русия чист?». Гуфтам, вазъ ҳамонест, ки ҳамон. Ва пурсидам, чӣ буд, ки аз Русия ёд кардед? Гуфт: «Э, зиндагиро дидан даркор. Дар ин ҷо чӣ кор кунам, рӯз нагузарад?…». Аз посухи тағо дар бадан мурғак давид. Аламам кард, зеро додари модарам аст ва тундаш гуфтам: «Тағоӣ, айб нест, магар, ки дар дасти рус ғулом шуда, бо пули бардагӣ ҳаҷ рафта, омада, боз баргашта, Русия ғуломӣ рафтаниед? Ман ба Ҳаҷи карда, зид нестам, лек дар $4000-5000 хароҷоти Ҳаҷ мини-маркет кушода, аз кунҷи тиҷорат Ҳаҷ кардан мумкин буд-ку?». Ҳоҷӣ-тағо сурх шуду кабуд ва тоқат накарду гуфт: «Ту ақл дорӣ, ё на? Ҳаҷ фарз аст, суннати пайғамбар аст. Туи бесаводу беақл чиро медонӣ, ки боз бо ман баҳс кунӣ. Рав, 50 соли дигар китоб хон, баъд биёву бо ман баҳс кун, фаҳмидӣ?... Туву акаву додар ва бародарҳоят ҳамаат аз пушти падар рафтан доред, ки ба мусулмонӣ шак доред…». Қариб буд, ки аз ҷо хезаду лат кунадам, лек чун меҳмонаш будам, худро дошт.

Ҳоҷӣ бо ин ҳадди тафаккур дилашро кафонд. Ва чун ҷияни эркаи Ҳоҷӣ-тағо будам, ман низ аламамро кафондам: «1. Ману падари ман ҳич вақт кофир набудем, агар чунин гуфтаниед. 2. Бо роҳи бардагӣ Ҳаҷ кардан, бароям ҳаром аст. 3. Дар хонаи Рус ғуломӣ карда, дар кисаи араб онро мерезед, ки ба ягон ҳадису фарз мувофиқ намеояд…». Боз нафаҳмид ва гуфт: «Шумо одам намешен…». Дигар нагуфтам, ки ОДАМ кист: Ман ё Шумои ҳоҷӣ-ғулом ё ғулом-ҳоҷӣ?

Тағои ман анҷому оғози кор мебуд, дарди бахайре будӣ, вале чунин тоифаи ҳоҷӣ-ғуломон дар Тоҷикистон имрӯз садҳо ҳазоранд, ки бо ризқи ғуломӣ Ҳаҷ мекунанд. Ё аз ҳисоби обилаи ғуломии худ ва ё ғуломии фарзандонашон ва на мепурсанду на парвое доранд, ки фарзанд бо кадом ҳолу аҳвол ин долларҳоро кор кардааст. Кӣ медонад, шояд падарони Бахтиёру Ҷонибеку Салоҳиддин, ки сари ҳар 3 бурида шудааст дар ғуломободи Русия, шояд Ҳаҷ ҳам кардаанд, аз ҳисоби фарзандони замоне дар рӯи гардан сар доштаашон???

Ва ин ғулом-ҳоҷиён бовар доранд, ки ана акнун мусулмон шудаанд. Вале шайхҳои араб 12 моҳи дигар аз пули ҳоҷӣ-ғуломон айш мекунанд. Табиист, ки инро ҳоҷӣ-ғулом на мефаҳмад ва на фаҳмидан мехоҳад. Аз Ҳаҷи ҳарсола фақат 2 давлат суди бештар мебинад: Арабистони мизбон ва Чини соҳибдастурхон. Яъне Чин тибқи адади ҳоҷӣ-ғуломон тасбеҳу ҷойнамозро бо сифати пасттарин ба бозор меорад. Ва санг андохтан ба сӯйи шайотини Хонаи Худо ва иҷро кардани соири қавоиди Ҳаҷ ҳамту «кашфиёту бизнеси» 1-2 араби оқил барои пулкоркунӣ аст. Бовар кун, хонандаи ман, вақте шайтон худи Одам аст, киро санг меандозӣ? Шайтон ману туем, о, буродар!!! Ва инро араб низ медонад ва азбаски манбаъи даромади ӯст, фош намекунад-шайтонии арабӣ! Аҷобат ва аламовараш ин ки гап ва роҳи ростиро фаҳмидан намехоҳем. Пас, ку мусалмонӣ? 

Дирӯз буд, ки устод Зиё Абдуллоро, ки кофараш хондем(д), пурсидам, ки мусалмонед? Гуфт: Алҳамдулиллоҳ! Боз пурсидам, ки «Кист мусалмон?». Гуфт: Оне, ки ИНСОН аст!!!

Шахсан барои мани аввал Тоҷику баъд Мусулмон, ор ва айб аст, виҷдон намегузорад, ки бо нони мардикорӣ, пули ғуломӣ ва бар ивази сари буридаи фарзандонам, Ҳаҷ кунам. Бо бардагӣ Ҳаҷ кардан ҳаром аст. Бо фиреби мардум дар бозор ҳаҷ барои ман ҳаром аст. Бо роҳи авомфиребиву овардани колои куффор-бутпарастони чинӣ ва бар дӯши мусалмон бор кардани ин ҳама матоъу бору буна ва ғорати аҳли Ислом ва ғанисозии буҷҷаи кишвари куфркеш, шахсан барои ман ҳароми ҳаром аст! 

Гапи инсониро бародарам, Алӣ Шарифи Беҳудуд-интернатсионалисти ҷанги Афғонистон гуфт, ки бо 4000-5000 доллари ҳаҷхарҷӣ, агар ҳар «ҳоҷибобо» барои ҷомеа чизе месохт, савобаш бештар будӣ.

Дӯсти ҳоҷиам, шояд ин сутур 100% зидди андешаҳои тусту ғазабатро овард? Ба туе муроҷиат кардам, ки ғуломӣ дориву дар сар фикри ҳаҷ; худро ба даст гир. 1 бор сар дар зонуи андеша зану мардона гӯ, ки аз ин баҳси ману тағои ҳоҷии ман чӣ дарёфтӣ? Ва оё ёфтӣ? Навис…мо чоп мекунем: Мо Метавонем!

Ҷомаи Каъбаро, ки мебӯсанд,

Он на аз кирми пилла номӣ шуд.

Бо азизе нишаст рӯзе чанд,

Лоҷарам, ҳамчун ӯ гиромӣ шуд.

 

Бо эҳтиром ва бидуни ғараз,

Шаҳрзоди Амин,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter